05:25 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Корманди маҳбас, акс аз бойгонӣ

Нахустин бор дар таърихи Узбакистон: Мирзиёев камубеш 3 ҳазор зиндониро озод кард

© Sputnik / Алексей Куденко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Қарори авфи зиндониён ба онҳо имкон медиҳад, ки дар наздиктарин оянда ба дидори наздиконашон бирасанд

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо тавсиби як қарор 2,7 ҳазор зиндониро авф кард, хабар медиҳад хабаргузории УзА.

Қарори авфи маҳбусон барои нахустин бор дар таърихи Узбакистон ба тавсиб расидааст.

"Нахустин бор дар таърихи кишвари мо раисҷумҳури Узбакистон қарори авфи 2700 зиндонӣ, аз ҷумла  956 муҷримеро имзо карда, ки аз кардаашон пушаймон гаштаанд ва дар зиндон ва маҳалли иқоматашон барояшон тавсифномаи хуб додаанд",- омадааст дар иттилои манбаъ.

Гуфта мешавад, қарори авфи зиндониён ба онҳо имкон дод, ки дар ояндаи наздик ба дидори наздиконашон бирасанд.

Дар аввалҳои моҳи октябр Мирзиёев дастур дода буд, ки кумисиюни авф дар раёсати ҷумҳурии Узбакистон дархостҳои пешниҳодшударо баррасӣ кунад.

Ҳангоми пешниҳоди дархост мизони хатари иҷтимоии ҷурми содиршуда, тавбаи сидқии муҷрим, ҷуброни зарари моддӣ, пешинаи додгоҳӣ ва дигар додаҳо дар бораи муҷримҳои зиндонӣ ба назар гирифта мешаванд.

Ёдовар мешавем, пештар кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон кумисюни махсуси авфро таъсис дода буд.

Бино бар фармони Эмомалӣ Раҳмон, кумисюни афв метавонад дар бораи ҳукми авф ба раисҷумҳур машварат диҳад, масоилу мушкилоти марбут ба афв ва қонунгузориро баррасӣ кунад.

Ин кумисюн ҳаққ дорад масъулини давлатиро ба ҷаласаҳояш даъват кунад ва ба мақомот супориш даҳад, ки дар ин масъала санҷиш гузаронанд.

Барчаспҳо:
қарор, Шавкат Мирзиёев, Узбакистон

Мавзӯъҳои асосӣ