05:42 15 декабри 2017
Пахши мустақим
Рӯди Маскав. Акс аз бойгонӣ

Қаҳрамон: марди тоҷик зани русро аз ғарқ шудан наҷот дод

© Sputnik / Наталья Селиверстова
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
108 0 0

Марди тоҷик Собир Хаспаллаев зани русро аз ғарқ шудан наҷот дод

ДУШАНБЕ, 8 дек— Sputnik. Худрави ин зан аз соҳили Костомаров ба рӯди Маскав сарозер шуд. Дар ин бора мақомоти БДА ВКД Русия хабар медиҳад.

"Ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада аз соҳили Костомаров ба  рӯди Маскав сарозер шуд", — омадаааст дар хабарнома.

Ин ҳодиса рӯзи 5 декабри соли равон ба вуқӯъ пайвастааст.

Гуфта мешавад, ки ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада панҷараи роҳро баркандаву ба рӯд сарозер шудааст. Худравро бо техникаи сангин аз об берун кашиданд.

Ба иттилоъи манбаъ, ронанда дар паи ин ҳодиса зинда мондааст.

Ин занро муҳоҷири тоҷик Собир Хаспаллаев аз марг наҷот дод. Ин марди қаҳрамон бо дидани ин ҳодиса зуд ба наҷоти зани рус шитофтаст.

Ӯ шишаи пеши худравро шикаставу ронандаро берун овардааст.

Барчаспҳо:
наҷоти зани рус, аз ғарқшавӣ, Собир Хаспаллаев, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ