Озмуни Лола Каримова барои бурди iPhone X

© Sputnik / Евгения Новоженина / Гузариш ба медиабонкСтарт продаж iPhone X в России
Старт продаж iPhone X в России - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Барои соҳиби гаҷет шудан,бояд дар зери пости Лола Каримова дар саҳифаи Instagram ба ду саволи ӯ дар бораи ҳунари қаламкорӣ ҷавоби дуруст дод

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Духтари хурдии Ислом Каримов дар саҳифаи Instagram-и худ озмун эълом кардааст.

Нафаре, ки дар озмун пирӯз мешавад, соҳиби iPhone X мегардад. Барои соҳиби гаҷет шудан, бояд дар зери пости Лола Каримова дар саҳифаи Instagram ба ду саволи ӯ дар бораи ҳунари қаламкорӣ ҷавоби дуруст дод.

Каримова ба ҳамвандонаш гуфтааст, ки ҷавоби саволи аввал дар намоишгоҳи "Дар ҷустуҷӯи биҳишти гумшуда", ки аз ҷониби Хазинаи ба номи Ислом Каримов созмон дода шудааст, пинҳон аст.

Қаламкорӣ-ҳунарест, ки бар рӯи порчаи нахӣ ё абрешимии дастбофт бо муҳри чӯбӣ нақшҳои ороишӣ меандозанд. Мактаби қаламкорӣ ҳанӯз асри ХIХ — авоили асри ХХ дар Тошканд, Бухоро, Хива, Марғилон ва Намангон машҳур буд.

Пештар хабар дода шуд, ки Лола Каримова ният дорад атри шахсии худро созад.

"Бо аттори беҳтарин Гийом Флавин рӯи истеҳсоли атри "The Harmonist" кор карда истодаем", — навишта буд Гулнора дар саҳифаи Instagram-и худ.

Хонаи атри The Harmonist Лола Каримова-Тиллоева соли 2013 бунёд ёфтааст.

Лентаи хабарҳо
0