00:01 17 январи 2018
Пахши мустақим
Хатҳои интиқоли барқ

Тоҷикистон ба наздикӣ Узбакистонро ҳам бо барқ таъмин мекунад

© Sputnik / Сергей Мальгавко
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
132 0 0

Усмонзода қайд кард, ки пас аз берун шудани Тоҷикистон аз Низоми ягонаи барқии Осиёи Миёна дар соли 2009 низоми барқии Тоҷикистону Узбакистон тағйир ёфт

ДУШАНБЕ, 20 дек — Sputnik. Бино бар иттилои вазири нерӯ ва оби Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, Тоҷикстон метавонад аз тобистони соли 2018 ба Узабкистон қувваи барқ содир кунад.

Вай ёдрас кард, ки пас аз хориҷ шудани Тоҷикистон аз Низоми ягонаи қувваи барқи Осиёи Марказӣ дар моҳи ноябри соли 2009, низоми барқии Тоҷикистону Узбакистон ба чанд мушкилоти назаррас дучор шуд.

Аммо имрӯз ду ҷумҳурӣ ҷонибдори барқарор кардани низоми ягона шудааанд. Барои ин, ба гуфтаи вазир, Узбакистон бояд 60 км хатҳои интиқоли ҷараёни электрикиро, ки ҷануби Узбакистонро бо Тоҷикистон пайванд мекунад, барқарор кунад.

Афзун бар ин, Усмонзода хабар дод, ки Тоҷикистон дар соли 2017 зиёда аз 18 миллиард киловатт соат барқ истеҳсол кардааст, ки имконият медиҳад, дар зимистон низ аҳолӣ бе лимит бо барқ таъмин шавад.

Барчаспҳо:
содирот, барқ, Усмоналӣ Усмонзода, Узбакистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ