10:35 19 январи 2018
Пахши мустақим
Мушовири нахуствазир. Акс аз бойгони

Мушовири пешини раисҷумҳур ройзани нахуствазир таъйин шуд

© Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
131 0 0

Мушовири пешини Отамбоев ройзани нахуствазири Қирғизистон таъин шудаааст

ДУШАНБЕ, 10 янв— Sputnik. Каликбек Султонов мушовири сарвазири Қирғизистон Сапар Исоқов таъйин гардидааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон хабар медиҳад.

"Нахуствазири Қирғизистон дар бораи таъйини Каликбек Султонов ба симати ройзани нахуствазири Ҷумҳурии Қирғизистон қарор имзо кард", — омадааст дар хабарнома.

Султонов ҳангоми раҳбарии раисҷумҳури пешини Қирғизистон Алмосбек Отамбоев оғоз аз моҳи майи соли 2016 то моҳи августи соли 2017 дар симати мушовири раисҷумҳур фаъолият кардааст. Пештар ӯ дар курсии вазири нақлиёти Қирғизистон нишаста буд.

Пештар хабар дода шуд, ки нахуствазири Қирғизистон Сапар Исоқов намояндаи Қирғизистон дар ЕАЭС Санҷар Умедалиев, ки ҳамчунин муовини раҳбари дастгоҳи ҳукумат ва мудири шӯъбаи корҳои Иттиҳоди иқтисоди УруОсиё мебошад, аз вазифа озод кард.

То ин дам Исоқов ба вазири иқтисод Артем Новиков ва раҳбари Хадамоти гумрук Кубаничбек Кулматов танбеҳ дод. Ҳамчунин муовини вазири иқтисод Баккелди Туменбоев ва муовини раиси Хадамоти давлатии гумрук Замирбек Ниёзалиев танбеҳ гирифтанд.

Ҳамчунин хабар дода шуд, ки чанде аз кормандони дастгоҳи ҳукумат аз вазифаҳояшон барканор шудаанд.

Мавзуъ

Пас аз ҷанҷол дар парлумон: масъулини ЕАЭС аз вазифа барканор шуданд
Барчаспҳо:
таъйиноти кадрӣ, таъйинот, Каликбек Султонов, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ