10:35 19 январи 2018
Пахши мустақим
Министр обороны Ирана Амир Хатами, архивное фото

Вазири дифоъи Эрон: Амрико посухи хисорот ба моро хоҳад гирифт

CC BY-SA 4.0 / Wikimedia
Осиё
Гирифтани линки кӯтоҳ
12910

Вазири дифоъи Эрон таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун як кишвари мустақил ҳамвора нишон додааст, ки таҳаммули ингуна хисоротро нахоҳад дошт

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Вазири дифоъи Эрон сартип Амир Ҳотамӣ ба Амрико ҳушдор дод, ки агар дар умури дохилии Эрон мудохила кунад, посухи қотеъ хоҳад гирифт.

"Амрикоиҳо ҳар ҷое, ки хисорате ба кишвари мо ворид карданд, посухи қотеъе гирифтанд ва ин бор ҳам ҳатман хоҳанд гирифт", — гуфтааст сартип Ҳотамӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории "Форс".

Пеш аз ин раҳбари Ҷумҳурии Исломии Эрон оятуллоҳ Алӣ Хоманаӣ ҳам бо ишора ба ошӯби густарда дар кишвараш гуфта буд, ки Амрико товони хисоратҳои чандрӯзаро хоҳад дод.

Вазири дифоъи Эрон таъкид кардааст, ки Ҷумҳурии Исломӣ ҳамчун як кишвари мустақил ҳамвора нишон додааст, ки таҳаммули ингуна хисоротро нахоҳад дошт.

Ёдоварӣ мекунем, ки аз 28 декабр то 6 январ дар бархе аз шаҳрҳои бузурги Эрон, аз он ҷумла Теҳрон, Машҳад, Исфаҳон ва Рашт, эътирозҳои густарда рух дода буд.

Раисҷумҳури Эрон Ҳасан Руҳонӣ дар вокуниш ба он нооромиҳо гуфт, ки ин эътирозот аз мушкилоти дохилӣ дар кишвар сар зада вале бо дахолату таҳрикоти бархе аз кишварҳо густариш ёфтаанд.

Бино бар гузоришҳои мунташиршуда дар расонаҳои эронӣ, дар ин эътирозҳо камобеш 20 кас кушта шудааст.

Мавзуъ

Боздошти раисҷумҳури пешини Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод
Эрон аз дахолати Амрико дар умури дохилиаш ба СММ шикоят кард
Имомхатиби нурободӣ рӯирост Эронро дар куштори 150 000 тоҷик муттаҳам кард
Вазорати умури хориҷаи Эрон ба Доналд Трамп ҳушдор дод
Рӯҳонӣ гуфт, озодии эътироз ҳаққи қонунии мардуми Эрон аст
Болои сӯхта намакоб: Амрико гуфт, тазоҳуротгарони эрониро дастгирӣ мекунад
Барчаспҳо:
ошӯб дар Эрон, Амир Ҳотамӣ, Амрико, Эрон

Мавзӯъҳои асосӣ