Пизишки шахсии Каримов аз охирин рӯзҳои умри раисҷумҳур гуфт

© Sputnik / Ильясов / Гузариш ба медиабонкПрезидент Узбекистана Ислам Каримов. Архивное фото
Президент Узбекистана Ислам Каримов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пизишки шахсии нахустин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов дар бораи рӯзҳои охири умраш нақл кард

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар остонаи 80-солагии нахустин раисҷумҳури Узбакистон, пизишки шахсии ӯ Вячеслав Аваков аз хотираҳояш дар бораи ӯ нақл кард.

"Хизмати таббии раисҷумҳурро бештар хешовандонаш истифода мекарданд. Чунки Ислом Каримов бисёр шахси боқувват ва қавӣ буд", — гуфт Аваков дар суҳбат бо оҷонсии хабарии УзА.

Президент Узбекистана Ислам Каримов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Асрори як аср: дар бораи хонаводаи Ислом Каримов далелҳои нав пайдо шуд

Ӯ қайд карда, ки Каримов кори осонро намепазируфт. Масалан, агар боздид аз ин ё он кишвар се рӯз дар нақша бошад, Каримов таннафусҳоро хат задаву вақти истироҳатро кам карда, мекӯшид сафаро дар як рӯз анҷом диҳад. Ӯ ҳамеша пешниҳоди истироҳатро рад мекард.

"Дар муддати чанд сол аз мушоҳидаҳоям хулоса кардам, ки чӣ гуна Каримов нерӯи кории қавӣ дошт", — қайд кард пизишк.

Ӯ нақл кардааст, ки Каримов ба осонӣ аз ташхиси таббӣ намегузашт.

"Барои ҳар шахс пас аз чиҳилсолагӣ лозим аст, ки дар як сол як ё ду бор аз ташхиси пурраи тиббӣ гузарад. Барои раисҷумҳур-ҳатмист", — мегӯяд Аваков.

Ҳамин тавр Каримовро ба фаъолияти ҷисмонӣ машғул карданд.

"Бо раисҷумҳур тениси бузург бозӣ мекардему ба давидан машғул мешудем. Дар муддати чанд моҳе Каримов чунон хуб бозӣ мекард, ки бар ҳамаи мо ғолиб меомад. Дигар ӯ теннисро тарк накард", —ба ёд меорад пизишк.

Аваков мегӯяд, ки раисҷумҳур ҳич гоҳ аз саломатиаш шикоят намекард, вале авохири моҳи август  аҳволаш бад шуд.

"26 август мо ҳамроҳ рӯзи зодрӯзи Татяна Акбаровнаро таҷлил мекардем. Ислом Абдуғаниевич соати нӯҳи шаб аз кор бозгашт, мо ҳама дар гирди миз ҷамъ шуда будему шӯхӣ мекардем. Табъи Ислом Каримов ҳам олӣ буд. Рӯзи баъд дар бораи якбора бад шудани аҳволи Каримов хабар ёфтему  даррав омада ба бемористонаш бурдем", — ба ёд меорад пизишк.

Аввалин раисҷумҳури Узбакистон Ислом Каримов рӯзи 2 сентябри соли 2016 дар синни 78-солагӣ даргузашт.

Аваков мегӯяд, ки марги раисҷумҳурро чун "даргузашти бародар" қабул кард.

Узбакистон имрӯзҳо барои таҷлили 80-солагии раисҷумҳури аввалин Ислом Каримов омодагӣ мебинад.

Лентаи хабарҳо
0