Никонов: Маскав бузургтарин шаҳри аврупоии мусалмоннишин аст

© Sputnik / Владимир Федоренко / Гузариш ба медиабонкҶаласаи парлумонӣ дар Думаи давлатӣ. Акс аз бойгонӣ
Ҷаласаи парлумонӣ дар Думаи давлатӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар пойтахти Русия наздик ба 1 миллиону 500 ҳазор нафар мусалмон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин нигоҳ бузургтарин шаҳри аврупоӣ маҳсуб мегардад.

ДУШАНБЕ, 16 — дек, Sputnik. Маскав на танҳо бузургтарин шаҳри мусалмонии Русия, балки бузургтарин шаҳри аврупоии дорои бештарин ҷамъияти мусалмон аст, гуфтааст Вячеслав Никонов, муовини раиси Кумитаи омӯзиши Думаи давлатии Русия.

Ба гузориши сомонаи расмии идораи маънавии мусалмонони Русия, Никонов дар ҳамоиши "Рисолати дини ислом ва масъулияти пайравони он дар қиболи таҳдидот", ки 10 декабр дар Маскав доир шуд, гуфта аст, дар пойтахти Русия наздик ба 1 миллиону 500 ҳазор нафар мусалмон зиндагӣ мекунанд, ки аз ин нигоҳ бузургтарин шаҳри аврупоӣ ба ҳисоб меояд.

"Аксари кулли аъзои ҷомеаи мусалмонони Русия ҷонибдори исломи муътадил ҳастанд, ки ҳомили паёми сулҳу дӯстӣ барои соири пайравони адён аст ва Идораи умури мусалмонони Русия ҳар навъ таҳаррукоти гурӯҳҳои террористии такфириро ба шиддат маҳкум мекунад", — афзудааст Никонов.

Вай бо ишора ба таърихи ислом ва хадамоти мусалмонон ба ин кишвар гуфта аст, пайравони ислом ҳамвора дар Русия дар канори масеҳиёни ортодокс зиндагии мусолиматомез доштаанд ва имрӯз намояндагони 57 қавм ва миллият дар ин кишвар худро мусалмон медонанд.

Ба таъкиди вай, ҳарчанд аксари мусалмонони Русия дар манотиқи Қафқоз, каронаи рӯдхонаи Волга ва Сибир ба сар мебаранд ва дар 8 вилояти ин кишвар аз назари пайравони ислом дар мақоми бартар воқеъ шудаанд, аммо Маскав аз нигоҳи доштани ҷамъияти мусалмон бузургтарин шаҳри Аврупо ба ҳисоб меояд.

Лентаи хабарҳо
0