Лиам Нисон, ситораи Ҳоливуд мусулмон мешавад

© SputnikЛ.Нисон, ҳунарманди Ҳоливвуд.
Л.Нисон, ҳунарманди Ҳоливвуд. - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳунарманд адр оилаи католикҳо ба дунё омада тарбия гирифтааст, аммо вақтҳои ахир таваҷҷӯҳашро ислом ба худ ҷалб кардааст. Ба эътирофи ӯ, ҳоло бештар китобҳо дар бораи Худо, мавҷудият ва парастиши онро меомӯзад.

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Лиам Нисон, ситораи Ҳоливуд дар мавриди пазируфтани дини ислом андеша дорад, менависад Islam.ru дар такя ба нашрияи бритониёии The Sun.

Ҳунарпешаи 59-сол мегӯяд, баъд аз як сафари корӣ ба Истамбул андешаи гаравиш ба ислом дар мағзаш ҷо гирифт. Нисон эътироф кард, ки "ибодати исломӣ" аснои наворбардории филм дар Туркия барояш маъқул шудааст.

"Даъват ба намоз (азон), ки дар як рӯз панҷ маротиба садо медиҳад, аввал туро безобита мекунад, сипас ба дил менишинад. Ин хеле наҷиб аст!",- гуфт ӯ.

Вай мегӯяд, дар Истамбул 4000 масҷид ҳаст, аксари онҳо тасхиркунандаанд. "Ва ин омил маро барои мусулмон шудан таҳрик медиҳад",- афзуд Нисон.

Лиам Нисон ҳунарпешаи ирландӣ-амрикоӣ ҷоизадори чандин ҷашнвораҳо аст.

Лентаи хабарҳо
0