Демис Руссос, сарояндаи машҳур аз олам даргузашт

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкҲунарнамоии Демис Руссос дар Маскав. Акс аз бойгонӣ
Ҳунарнамоии Демис Руссос дар Маскав. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Руссос дар тӯли эҷодиёташ асарҳои зиёде офаридааст ва онҳо писанди ҳамагон гардидаанд. Goodbye my Love, Goodbye, Forever and Ever, From Souvenirs to Souvenirs, My Only Fascination аз ҷумлаи беҳтарин сурудаҳои ӯ маҳсуб мешаванд.

ДУШАНБЕ, 26 янв — Sputnik. Хонандаи саршиноси юнонӣ Демис Руссос шаби душанбе дар Афина дар синни 68-солагӣ аз олам даргузашт, менависад РИА Новости.

Рӯзномаи "Proto thema"- и Юнон бо истинод ба шоумен Никос Алайас марги сароячндаро тайид карда, дар бораи сабаби фавташ чизе нанавиштааст.

Артемиос Вентурис Руссос, мулаққаб ба Демис Руссос 15-уми июни соли 1946 дар шаҳри Искандарияи Миср дар оилаи санъаткорони юнонӣ ба дунё омадааст. Падараш гиторнавоз ва модараш ҳунарманди ҳирфаӣ буд.

Аз синни 15-солагӣ ба эҷоди суруду мусиқӣ камар баста, пайваста дар ин роҳ кӯшиш мекард. Дар ҷавонӣ дар клубу тарабхонаҳо ҳунарнамоӣ дошт.

Пас аз табаддулоти низомии Юнон дар соли 1968 ба Фарнса кӯчида, аснои ҳунарнамоӣ бо гурӯҳи Aphrodites Child дар Порис шӯҳрати беандозаро касб кард.

Соли 1971 Руссос аввалин фиттаи худро таҳти унвони On The Greek Side Of My Mind ба фурӯш баровард. Соли 1975 бошад, аллакай се албоми ӯ: Forever And Ever, My Only Fascination ва Souvenirs аз серахридортаринҳо дар Аврупо ба ҳисоб мерафтанд.

Лентаи хабарҳо
0