01:45 24 октябри 2017
Пахши мустақим
Намоишнома. Акс аз бойгонӣ

Беҳтарин намоишнома дар мавзӯи оила мукофоти ҳукумати Суғдро мегирад

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
4 0 0

Ҳукумати вилояти Суғд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 21 миллион сомонӣ барои татбиқи чорабиниҳо бахшида ба “Соли оила” ҷудо кардааст.

ДУШАНБЕ, 30 янв — Sputnik. Беҳтарин намоишномаҳои театрӣ бо мукофотҳои пулии ҳукумати вилоят,  ки дар маҷмӯъ зиёда аз 120 ҳазор сомонӣ мебошад, сарфароз мегарданд, менависад сомонаи расмии маъмурияти ин минтақа.

"Ҳадаф аз мулоқоти рӯ ба рӯ бо аҳли фарҳанги вилоят боло бардоштани мақоми соҳаи фарҳанг дар тамоми шаҳру навоҳӣ, огоҳӣ аз вазъи кунунӣ ва тақвият бахшидан ҷиҳати маърифатнокии шаҳрвандон ва пойдории оила ба ҳисоб меравад",- таъкид дошт, Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилоят аснои вохӯрӣ бо зиёиёни Суғд.

Номбурда гуфт, вохӯрии имрӯза дар доираи элон гардидани соли 2015, соли рушди фарҳанг дар вилоят ҷараён гирифта, он баҳри татбиқи сиёсати фарҳангпарваронаи роҳбарияти кишвар равона карда шудааст. Ба қавли Қодирӣ, ҳукумати вилояти Суғд аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят зиёда аз 21 миллион сомонӣ барои татбиқи чорабиниҳо бахшида ба "Соли оила" ҷудо кардааст.

Таъкид гардид, ки давоми соли сипаригашта дар қаламрави вилоят як қатор чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ баргузор гашт, ки дар он аҳли фарҳанги вилоят бо барномаҳои рангини хеш баромад намуданд. Соли гузашта ҳамзамон дар як қатор шаҳру навоҳии вилоят сохтмони қасрҳои фарҳангӣ оғоз ёфта, бархе аз онҳо ба истифода дода шуд. Аз ҷумла дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ "Қасри фарҳанг"  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, дар ноҳияҳои Ашту Ҷаббор Расулов сохтмони кохҳои фарҳанг ва хобгоҳи мактаби рақсии Зебо Аминзода дар Хуҷанд бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят оғоз ёфт.

Барчаспҳо:
фарҳанг, намоишнома, соли "Оила", ҳукумати Суғд, Абдураҳмон Қодирӣ, Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ