10:33 19 январи 2018
Пахши мустақим
Барзу Абдураззоқов. Акс аз бойгонӣ

Барзу Абдураззоқов дар Душанбе “Форсҳо”-и Эсхилро ба саҳна мегузорад

© Sputnik / Руслан Кривобок
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
10 0 0

Таҳиягари саршиноси тоҷик мехоҳад дубора ба Душанбе баргашта ҳамроҳ бо гурӯҳи ҳунармандони кишвар намоишномае рӯи саҳна оварад. Ба қавлаш, ҳадафи ӯ дар асл табодули таҷриба бо ҳунармандони тоҷик баъд аз чанд соли кораш дар театрҳои Қирғизистону Қазоқистон аст ва мехоҳад “чизеро омӯзаду чизеро омӯзонад”.

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik. Коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ҳунармандони саршиносро дар Душанбе гирдиҳам меоварам то намоишномаи "Форсҳо"-и драмнависи Юнони Қадим Эсхилро иҷро кунанд, менависад радиои Озодӣ.

"Аммо ин кори берун аз театрҳои давлатӣ мешавад",- мегӯяд таҳиягар.

"Маҳз ба хотири таҳияи ин намоишнома ман чанд пешниҳод аз театрҳои дигарро рад кардам",-афзудааст Абдураззоқов.

Коргардони тоҷик мегӯяд, дар баробари таҳияи ин намоишнома мехоҳад таҷрибаи андӯхтаашро ба ҳамтоёни тоҷик пешниҳод намояд.

Намоишномаи "Форсҳо"-и Эсхил соли 472-и то қарни мо эҷод шудааст ва он қазияи ҷанги юнониён ва форсҳоро бозгӯӣ мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, нахустнамоиши спектакли "Муфаттиш", ки таҳиягари тоҷик Барзу Абдураззоқов дар театри ба номи Собит Муқанови шаҳри Петропавловск рӯи саҳна овард, муҳимтарин рӯйдоди фарҳангӣ дар шимолитарин шаҳри Қазоқистон буд.

Роҳ ба театри тоҷик барои Барзу Абдураззоқов баъди намоиши «Девонагӣ. Соли 93»     бар асоси асари драманависи фаронсавӣ Петер Вайс «Таъқиб ва қатли Жан Пол Марат…», баста шуд. Ҳарчанд, ҳодисаҳои дар намоишнома тасвиршаванда воқеъаҳои замони инқилоби буржуазии соли 1793 дар Фаронсаро дар бар мегирифтанду ба Тоҷикистон рабте надоштанд.

Зимнан, Барзу Абдураззоқов солҳои ахир дар ду кишвари минтақа — Қирғизистон ва Қазоқистон ба таҳияи намоишномаҳои театрӣ машғул аст. Ӯ ду соли охир ба ҷоизаи "Беҳтарин коргардони театри Қирғизистон" сарфароз гардид. Абдураззоқов соли гузашта дар театрҳои Бишкек намоишномаи "Плаха"-и Чингиз Айтматов, "Дон Жуан"-и Жан Батист Молиер, "Хандаи лангуст"-и Ҷон Моррелро таҳия кард. "Хандаи лангуст" ва асари худи Барзу  "Роҳи дури дур ба Макка" дар Ҷашнвораи байналмиллалии театр дар Қазоқистон чаҳор ҷоизаи асосӣ "Асари беҳтарин, "Гурӯҳи беҳтарин" ва нақшҳои беҳтарини зан ва мардро соҳиб шуданд.

Мавзуъ

Барзу Абдураззоқов - барандаи "Гран-при"-и ҷашнвораи байналмиллалӣ
Барчаспҳо:
коргарони маъруф, таҳиягари саршиноси тоҷик, намоишнома, "Форсҳо"-и Эсхил, театри Қазоқистон, театри Бишкек, Барзу Абдураззоқов, Қазоқистон, Қирғизистон, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ