06:32 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Театри ба номи Маяковский дар Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Театри драмавии русӣ ба ҷашнвораи Санкт-Петербург меравад

© Sputnik Игорь Лекаркин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Театри русии драмавии ба номи Маяковскийи пойтахт дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳо бо намоишномаи Надежда Славина “Ҳикояҳои аввалини Антоша Чехонте” ширкат меварзад.

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Театри русии драмавии ба номи Маяковскийи пойтахт дар ҷашнвораи байналмилалии театрҳо дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ширкат хоҳад кард, менависад торнамои Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Қарор аст, ин чорабинӣ аз 10 то 15 апрели соли равон, дар пойтахти шимолии ФР байни театрҳои русии давлатҳои ИДМ ва Назди Балтик таҳти унвони  «Вохӯриҳо дар Русия» баргузор шавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ҷашнвораи мазкур театри давлатии драмавии русии ба номи Маяковский бо намоишномаи Надежда Славина «Ҳикояҳои аввалини Антоша Чехонте» муаррифӣ мекунад.

Барчаспҳо:
дар шимоли ФР, ҷашнвораи байналмиллалии театрҳои русӣ, Театри русии драмавии ба номи Маяковский, Надежда Славина, Тоҷикистон, Душанбе, Санкт-Петербург, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ