Даъвати Шӯрои уламо: гоҳе фарзандонро ба намози ҷумъа баред

© Sputnik / Руслан КривобокМасҷид. Акс аз бойгонӣ
Масҷид. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шӯрои уламо аз волидайни атфоли тоҷик даъват кардааст, ки гоҳҳо кӯдаконашонро барои шунидани амри маъруф ба намозҳои ҷумъа баранд. Ин дар ҳолест, ки қонун “Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд” ширкати ҷавонони зери синни 18-ро дар масоҷид манъ мекунад.

ДУШАНБЕ, 10 апр — Sputnik. Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо нашри як матлаби иборат аз 30 банд масъулияти падару модар дар тарбияи фарзандро аз нигоҳи дини Ислом бо такя ба оятҳои Қуръон шарҳ додааст, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Шӯрои уламо: аз Ислом сӯиистифода накунед

Масъулини Маркази исломии Тоҷикистон дар баробари омӯзиши илму ҳунар бурдан ба намози ҷумъаву шинос кардани фарзанд бо равиши зиндагии паёмбари Ислом ва Қуръонро яке аз масъулиятҳои дигари волидайн хондаанд.

"Гоҳе онҳоро ба намози ҷумъа ва маҷлисҳои динию фарҳангӣ бибаранд. Онҳоро бо Қуръон ва равиши зиндагии Расули Худо (с), инчунин бо суханон ва андарзҳои бузургон ошно намоянд", — омадааст дар банди 12 ва 13-и ин матлаб.

Ба навиштаи масъулини ин марказ, волидайн муваззафанд, ба фарзандони худ раҳму шафқат бо зердастон, илму дониш ва ҳунарро омӯзанду дар қалби онҳо боварӣ ва эътимодро эҷод кунанд.

"Бо имон ва ахлоқу одоби динию иҷтимоӣ онҳоро ошно намоед", — гуфта шудааст дар матлаб.

Шӯрои уламо инчунин таъкид кардааст, (волидайн) барои фарзанд бояд фазилати корҳои динию дунявӣ ва боло донистани манфиатҳои ҷомеа аз фардиро биомӯзанд.

"Дар умури дину дунё онҳоро масъулиятшинос тарбият намоянд. Ба онҳо биомӯзанд, то ҳамвора фазилати умури ухравиро бар умури дунявӣ муқаддам бидоранд ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаро бар манфиатҳои фардӣ бартарӣ диҳанд", — таъкид кардааст шӯрои уламо.

Нашри ин матлаб дар ҳолест, ки тибқи қонуни Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд", кӯдакони то 18 сола ҳаққи ширкат дар намозҳоро надоранд.

Ин қонун дар соли 2011 қабул гардид ва волидайни атфоли то 18 соларо муваззаф кард, ки монеъи ширкати кӯдаконашон дар намозҳои панҷгона ва намозҳои ҷумъаи масоҷид шаванд. То кунун чанде аз волидайн барои риоя накардани ин муқаррарот муҷозот шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0