Бозор Собир: ҳадафи бозгашт ба хатти форсӣ ҷумҳурии исломист

Обуна шудан
Бозор Собир, ки дар авҷи интихоботи президентии 2013 аз Амрико баргашт, дар матлабе зидди бозгашт ба хатти арабиасос сӯҳбат карда, Эмомалӣ Раҳмонро ба Ризошоҳи Паҳлавӣ монанд намудааст.

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Бозор Собир, шоири тоҷик, ки бо баёнияҳову сӯҳбатҳои баҳсбарангезаш маъруфият дорад, ин дафъа алайҳи бозгашт ба хатти ниёгон ё хатти арабиасос дар Тоҷикистон эътироз кардааст. Матлабаи вай дар ин бора дар ҳафтаномаи "СССР" интишор шудааст.

"Ин хати ниёгон, ки солҳо инҷониб мавриди ҳангома… қарор гирифтааст, дар дебочаи ҳассосу барангезандаи барномаи мушаххаси панисломӣ ва сионистӣ аст. Ғараз, ҷумҳурии исломӣ сохтан аст. Варна дар ин дағдаға баҳонаи казоие нест", — омадааст дар ин матлаб, ки бо номи "Падарони миллат" нашр гардидааст.

Дар ҳоле ки ба қавли Бозор Собир, "ҳар китоби арзандае, ки аз классикон буд, кайҳо ба хати русӣ чоп шудааст".

"Мо ҷумҳурии мавҷудаю, хати мавҷудаю забони Айниамонро натанҳо ба хати ниёгон, балки ба 70 пуштамон қурбон намекунем. Бигзор, Эрону Афғонистон хаташонро ба хати мо бадал кунанд. Як муддат шодихори онҳо шуда, хеле масҷидсозию мазорсозӣ кардем, бас аст", — гуфтааст шоир.

Бозор Собир аз рӯзнонмаигорони, ба гуфтаи ӯ, "тақлидкор" ҳам интиқод намудааст, ки ба вожаю ибораҳои сохтаи эрониён дода шуда, аз калимаҳои аслӣ, ки байналмилалиянд, даст кашидаанд.

"Эронӣ мешавем гуфта, паспортро — шиноснома, визаро — раводид, аэропортро-фурудгоҳ кардем. Ҳол он ки инҳо тарҷумаҳои таҳтуллафзӣ ва нисбии ҳамон истилоҳотанд. Паспорт, яъне ба порт гузар, аэропорт, яъне, порти ҳавоӣ, ҷое, ки ҳам фуруд меоӣ ва ҳам парвоз мекунӣ. Ва ногуфта намонад, ки "билет"-ро чипта гуфтан айб аст. Эрониҳо низ билет мегӯянд. Аз истилоҳоти ҷаҳонӣ ҳазар кардан лозим нест, онҳо дар таркиби забон ҳамчун ҳавои тозаанд, забонро замонавӣ, мудерн мекунанд", — афзудааст вай.

Шоири тоҷик дар ин матлаби худ аз Эрону хатти ниёгон ҳам сӯҳбат карда, раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Ризошоҳи Паҳлавӣ, охирин шоҳи Эрон, шабоҳат додааст. Оқои Собир гуфтааст, дар паҳлӯи Ризошоҳ танҳо ва танҳо Раҳмонро метавон дид.

"Аввалан, ӯ муҷассамаи бошукӯҳи Исмоили Сомониро ниҳод. Муҷассамаи Рӯдакиро ниҳод. Агар панисломистон ҳайкали Фирдавсиро хароб кардаанд, ӯ барпо намуд. Аз классикон касе нест, ки ба номи ӯ кӯчаву хиёбону мактаб набошад", — навиштааст шоир.

Бозор Собир аз овардани як каф хоки мазори Камоли Хуҷандӣ аз Табрез ба Хуҷанд низ ёдоварӣ намуда, аз маъракаи таблиғи либоси миллӣ ҷонибдорӣ кардааст.

"Тоҷикистони навин ба ҳар сӯе, ки нигарӣ ба ӯ тааллуқ дорад, ҳамчун Эрони Ризошоҳи Паҳлавӣ. Ин шахсиятҳои фавқулода падарони миллатанд", — таъкид доштааст вай.

Ризошоҳи Паҳлавӣ, ба қавли Бозор Собир, шахсияте буд, ки баъди 1100 сол ба даст омад.

"Ӯ бунёдгузори Эрони навин ва вориси бошарафи Эрони бостон буд. Ӯ буд, ки ҳама осори қадимаро ҷилд-ҷилд нашр намуд. Ӯ буд, ки ба унвони вожаҳои форсӣ созмоне таъсис дод… Алғараз, Эрони асилро аз зери хокистару мурдареги ҳазорсола берун овард", — хулоса кардааст шоири тоҷик.

Лентаи хабарҳо
0