20:02 22 ноябри 2017
Пахши мустақим
Фрагмент проекта композиции Тодж

Рамзи Ваҳдати миллӣ бар асоси тарҳи Муъмин Қаноат сохта мешавад

© Официальный сайт администрации г. Душанбе
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
28 0 0

Муъмин Қаноат, шоири тоҷик ҳамроҳ бо чанде аз дигар шоирон ва афроди саршинос тарҳеро барои бунёди рамзи Ваҳдати миллӣ, ки бояд дар шаҳри Душанбе сохта шавад, пешниҳод кардааст. Ба иттилои худи шоир, тарҳи онҳо ғолиб омадааст.

ДУШАНБЕ, 1 май — Sputnik. Рамзи Ваҳдати миллӣ дар Душанбе бар асоси тарҳи пешниҳодкардаи тими Муъмин Қаноат, шоири халқии Тоҷикистон сохта хоҳад шуд, хабар дод шоир Муъмин Қаноат.

Вай дар маҳфили "Гуфтугӯи тамаддунҳо", 30 апрел дар шаҳри Душанбе зикр кард, ки барои сохтани рамзи Ваҳдати миллӣ қаблан Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори пойтахт аз вай машварат пурсидааст.

"Дар тими мо шоира Гулрох ҳаст, меъмор Зиёвуддинов ҳаст ва дигарон. Хулоса бисёр як тими бақувват аст. Мо дар якҷоягӣ лоиҳаи худро пешниҳод кардем. Лоиҳаи "Тоҷ"-ро мо пешниҳод кардем, 29 апрел раъйдиҳӣ тамом шуд. Ба мо хабар доданд, ки тарҳи мо раъйи аз ҳама бештарро гирифтааст", — гуфт Муъмин Қаноат.

"Мо гуфтем, ки бо Ваҳдати миллӣ гуфтан он чизе ки дар дили мо ҳаст эҷод намешад. Бояд саҳми ҳамаи онҳое, ки дар ваҳдат нақш доштанд, тасвир шавад. Аз ин хотир мо пешниҳод кардем, ки толори вурудӣ 4 дар дошта бошад, дар дохили толор лавҳу китоб бошад. Сутини рамз гардон бошад ва тасвиру ному насабу гуфтаҳои ҳамаи шахсиятҳое, ки дар ваҳдати миллӣ саҳм доштанд, инъикос ёбад. Ин чунин ҳуҷҷатҳое, ки қаблу шудаанд", — илова кард шоири тоҷик.

Ёдовар мешавем, шуруъ аз 23 апрел дар сомонаи расмии шаҳри Душанбе 5 лоиҳаи рамзи Ваҳдати миллӣ ҷой гирифта буд ва шаҳрдорӣ аз корбарони интернет мехост ба ҷонибдории яке аз ин тарҳҳо раъй бидиҳанд.

Аз ин тарҳҳо — "Авҷ", "Нур", "Соф", "Тоҷ" ва "Фар" — ном бурда мешавад ва ба қавли шаҳрдорӣ онҳоро "беҳтарин мутахассисони соҳа ва зиёиёни саршиноси кишвар таҳия кардаанд".

Ҳоло дақиқан хабар дода нашудааст, ки ин рамз дар кадом гӯшаи пойтах ва кай бунёд мегардад.

Барчаспҳо:
ғолиб, бунёд, рамзи Ваҳдати миллӣ, тарҳ, пойтахт, Муъмин Қаноат, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ