Бозор Собир: ҳанӯз шаҳрванди Тоҷикистон нестам

© Sputnik / Амир ИсаевШоир Бозор Собир
Шоир Бозор Собир - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бозор Собир, шоири саршиноси тоҷик, ки баъд аз солҳои тӯлонии муҳоҷират дар Амрико, 2 соли пеш ба кишвар баргашт, мегӯяд, ҳанӯз шаҳрвандии Тоҷикистонро дарёфт накардааст.

Бозор Собир, ки 27 май аз бозгашташ ба Тоҷикистон 2 сол пур мешавад, то кунун бо шиносномаи амрикоӣ ба сар мебарад, иброз дошт зимни суҳбат худи шоир бо Sputnik Тоҷикистон.

Вай афзуд, шиносномаи хориҷии тоҷикиро ҳам дорад, вале дар айни ҳол аз шаҳрвандии Амрико даст накашидааст.

Ӯ бо шиносномаи амрикоӣ дар пойтахти Тоҷикистон чӣ гуна ба сар мебарад, чӣ ҳолу ҳавое дорад? Билохира, чаро Бозор Собир даъвати раисҷумҳурро барои бозгашт пазируфт? Чаро ҳукумат аз баҳри "гуноҳ"-ҳои ӯ гузашт? Ба ин ва дигар суолҳо аз мусоҳибаи хабарнигори мо бо шоир огаҳӣ пайдо хоҳед кард.

Sputnik Тоҷикистон дар дувумин солгарди бозгашти Бозор ба Тоҷикистон бо мавсуф мусоҳиба анҷом дод, ки фардо 27 май ба нашр мерасад. 

27 майи соли 2013 Шабакаи аввали Телевизиони Тоҷикистон дар барномаи шомгоҳии Ахбор эълон кард, ки Бозор Собир баъд аз солҳои тӯлонии ҳиҷрат дар Амрико, барои ҳамешагӣ ба Тоҷикистон баргаштааст.

Бозор Собир дар соли 1993 тарки Тоҷикистон кард ва баъд аз истиқомати кӯтоҳ дар Русия ба Амрико ҳиҷрат кард.

Шабакаи аввал эълон карда буд, ки вай бо даъвати президент Эмомалӣ Раҳмон ба кишвар омадааст. Ин хабари телевизион боис шуд, то бисёриҳо ҳадс бизананд, ки Бозор Собир маҳз дар соли интихоботи президентӣ даъват шудааст ва пушти ин даъват "ғаразҳои сиёсӣ" ниҳон аст.

Аммо ҳам дафтари раёсатҷумҳурӣ ва ҳам Бозор Собир ин тахмину гумонҳоро рад мекунанд.

Тафсилоти бештарро фардо, 27 май аз сомонаи Sputnik Тоҷикистон дарёфт карда метавонед.

Лентаи хабарҳо
0