06:29 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Бинои театри лӯхтаки Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Театри лӯхтаки Душанбе дар Бишкек ҳунарнамоӣ дорад

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
3 0 0

Театри лӯхтаки Душанбе дар баробари дигар театрҳо аз Русия, Қирғизистон ва Қазоқистон дар нахустин ҷашнвораи фарҳангии Бишкек ширкат хоҳад кард.

ДУШАНБЕ, 29 май — Sputnik. Дар ҳамойиши фарҳангии "Так-теке", ки аз 27- май то 3-июн дар Бишкек баргузор мешавад, театри лӯхтаки Душанбе низ ширкат дорад, менависад ОИ Авеста.

Театри лӯхтаки Тоҷикистон намоишномаи "Шуча"-и Владимир Масловро дар таҳияи ходими хизматнишондодаи фарҳанг Зафар Ҷаводов ба Бишкек бурдааст, меафзояд манбаъ.

"Ҷашнвора барои рушду такомули театрҳои миллии лӯхтак шароит фароҳам меорад ва дар аснои баргузории он табодули таҷриба миёни муассисаҳои фарҳангӣ сурат мегирад",- иброз доштаанд ҳамсӯҳбатони оҷонсӣ.

Ҳамзамон, дар чорчӯби ин ҳамойиши фарҳангӣ дарси маҳорати ҳунармандӣ (актёрӣ) ва тарзи ироаи баромади саҳнавӣ баргузор хоҳад шуд. Намоишномаҳо барои табақаи камбизоат ва кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд ройгон намоиш дода мешаванд.

Ширкати гурӯҳҳои театрӣ аз Русияву Қазоқистону Қирғизистон низ дар назар аст.   

Мавзуъ

Левитская: орзуи рӯзеро дорам, ки дар назди театр билети изофӣ пурсанд
Барчаспҳо:
сабқат, дар Бишкек баргузории ҷашнвораи театрҳои лӯхтак дар назар аст, театри лӯхтаки Душанбе, Зафар Ҷаводов, Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Душанбе, Бишкек

Мавзӯъҳои асосӣ