07:21 21 январи 2018
Пахши мустақим
Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор. 22 сентябри соли 2015

Оғози маросими таҷлил аз 3000-солагии Ҳисор бо ширкати Раҳмон

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
9 0 0

Сарвари давлат биноҳои баландошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши қолинҳо, ки дар қабати поёнии хонаҳо ҷой дода шудааст, мавриди истифода қарор дод.

ДУШАНБЕ, 27 окт — Sputnik. Айни замон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар тантанаҳои бахшида ба 3000-солагии Ҳисор ва ифтитоҳи чанд иншооти ҷашнӣ дар водии зарнисор қарор дорад.

Боздиди кории президент аз минтақа нахуст дар ҷамоати шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор оғоз гардида, дар ин ҷо Раҳмон лентаи ду бинои баландошёнаи истиқоматиро бурид.

Сарвари давлат биноҳои баландошёнаи истиқоматиро бо маркази хизматрасонӣ, коргоҳи дӯзандагӣ ва мағозаи фурӯши қолинҳо, ки дар қабати поёнии хонаҳо ҷой дода шудааст, мавриди истифода қарор дод.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуотии президент, иншооти мазкур аз тарафи бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳо бо сохти меъмории замонавӣ бунёд шудааст, барои 72 оила пешбинӣ гардидааст.Маблағи умумии сохтмону таҷҳизонидани биноҳо беш аз 20 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Гуфтанист, дар оянда дар ин ҷо аз тарафи бародарони соҳибкор Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳо дар асоси лоиҳа 12 бинои истиқоматии дигар, як майдончаи варзишӣ ва як боғчаи кӯдакона низ сохта мешавад.

Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳиммати бародарони соҳибкор барои ташаббусҳои созанда, обод кардани як гӯшаи диёр, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин бунёду мумфарш кардани роҳҳои маҳаллӣ изҳори сипос карда, бо итминон иброз дошт, ки соҳибкорони ватандӯст минбаъд низ бо дастгирӣ аз сиёсати ояндасози роҳбарияти давлату ҳукумат иқдомҳои наҷиби худро идома медиҳанд.

Манбаъ мегӯяд, ин соҳибкорон дар доираи таҷлили ҷашни 3000- солагии Ҳисор чанд рӯз қабл роҳи аз маркази ноҳия то қалъаи бостонии Ҳисорро, ки масофааш 25 километр аст, пурра мумфарш карданд. 

Барчаспҳо:
ифтитоҳи чанд иншоот, 3000-солагии Ҳисор, боздиди Раҳмон аз Ҳисор, президенти Тоҷикистон, Қурбонмурод Неъматзода, Баҳриддин Неъматзода, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон, Душанбе, Ҳисор

Мавзӯъҳои асосӣ