22:02 13 декабри 2017
Пахши мустақим
Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гулхонаи Пайванд

Дастури президенти Тоҷикистон ба гулпарварони "Пайванд"

© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
54 0 0

Дар он намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

ДУШАНБЕ, 17 ноя — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз аз корхонаи гулпарварии "Пайванд"-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздид кардааст.

"ҶДММ "Пайванд", ки асосон ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғул аст, дар масоҳати 3 гектар ҷойгир асту дар 4 гармхона ва замини боқимонда беш аз 50 намуд қаламчаи ниҳол, дарахтони гуногуни мевадиҳандаю сояафкан ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш мекунад. Дар корхонаи мазкур 15 нафар ба парвариш ва нигоҳубини дарахтон машғуланд",-иттилоъ медиҳад Хадамоти матбуотии президент.

Дар ин макон бештар дарахтони намудҳои гуногуни себ, нок, олу, аз ҷумла себу олуи пурпур, олуи систена, гелос, анҷир, каштан, дуб, махония, пихта конкалор, кипарис, магнолияи баргрез ва 3 намуди дигари ин дарахт, секвоя, можевелник, туя, сосна, береза, клен, принус, амиландр, сирени ҳиндӣ, зелол, саликс хакуро, лекадамбр, османтус, тис, каталпа, абиесс нордман, воодбриҷ, туя аризонти маҳаллӣ, тсерсис ва гулу буттаҳои ороишӣ парвариш мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз гулхонаи "Пайванд" ба масъулини соҳа супориш додааст, барои иҷрои корҳои ободонӣ дар Муассисаи давлатии "Боғи парчами миллӣ", "Боғи муҷассамаи нишони давлатӣ", Муассисаи давлатии илмии марказии "Боғи Ирам", Муассисаи давлатии "Боғи ба номи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ", кӯчаву хиёбонҳои пойтахт ва дигар шаҳру ноҳияҳо аз ниҳолу дарахтони ин парваришгоҳ истифода кунанд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин боздиди раисҷумҳур мағозаи "Пайванд" ҳам ифтитоҳ шудааст. Сохмтони ин мағоза соли 2014 оғоз гардида, соли 2015 ба охир расидааст ва дар он 5 нафар бо кори доимӣ таъмин мешавад.

Дар он намунаи зиёди ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда, дарахтони хонагӣ, гулу буттаҳои ороишӣ, асбобу зарфҳои гуногун барои парвариш ва нигоҳубини ниҳолҳо ба фурӯш гузошта шудааст.

Барчаспҳо:
Пайванд, гулхона, ниҳол, гул, Сино, Эмомалӣ, Раҳмон, раисҷумҳур, ноҳия, Душанбе, корхонаи гулпарварии "Пайванд", Эмомалӣ Раҳмон, ноҳияи Сино, Душанбе, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ