Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон барои рақобат бо 5 тим ба Маскав рафт

© Sputnik / Михаил МокрушинТолор
Толор - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар ин давр дастаи КВН-и Тоҷикистон бо 5 тим вориди рақобат мешавад.

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон барои иштирок дар даври ниҳоии "Зарифон" ё КВН-и лигаи марказии Маскав имрӯз ба Русия сафар карданд, дар ин бора раҳбари ин гуруҳ Хайрулло Мирсаидов дар саҳифааш дар Facebook иттилоъ дод.

Дастаи ҳозирҷавобони тоҷик алакай дар яке аз меҳмонсароҳои пойтахти Русия ҷойгир шудаанд.

Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон: дар Маскав ҳам мухлис пайдо кардем

Дар ин давр дастаи КВН-и Тоҷикистон бо 5 тим вориди рақобат мешавад.

Мунтахаби КВН-и Тоҷикистон дар даври ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 22, 23 ва 24 сентябр баргузор шуд, дар қатори панҷ дастаи дигар ба даври ниҳойӣ роҳ ёфта буданд.

"Баромади мо аз сӯи тамошобинон хеле хуб пазироӣ шуд. Ҳатто дастаи мо миёни сокинони Маскав ҳам тавонист, мухлис пайдо кунад. Баъди анҷом онҳо пушти дар моро интизор шуданду хоҳиш карданд, акси якҷоя бигирем", — гуфта буд ӯ.

Ба гуфтаи оқои Мирсаидов, рақобатҳои даври финалӣ аз даҳуми декабр дар Маркази ҷавони Маскав — "Планета КВН" оғоз мегардад.

"Дар қатори Тоҷикистон Сирки давлатии Москва, "Электрошок"-и Санкт-Петербург, "Меган Фокс"-и Маскав ва "Чуваш"-и Чебоксар низ ҳунарнамоӣ мекунанд", — афзуд ӯ.

Хайрулло Мирсаидов мегӯяд, мунтахаби КВН-и Тоҷикистон баъди ба даст овардани натиҷаҳои хуб дар сабқати байналмиллалии "КВН — 2015" дар Сочӣ миёни 400 даста, ба лигаи марказии Маскав даъват шудааст.

Ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки намоишҳои ҳаҷвнигорони тоҷик иборат аз саҳна ва сурудҳои ҳаҷвӣ буда, мақсадашон шинос кардани ҳунар, таърих ва истеъдоди тоҷикон мебошад. Ба гуфти ӯ, мунтахаби ҳозирҷавобони Тоҷикистон аз ҳашт нафар иборат буда, сарпарастии онро Ҳукумати вилояти Суғд бар уҳда дорад.

Лентаи хабарҳо
0