Шарофзода: санҷишҳо дар шаҳру навоҳӣ идома меёбанд

© Sputnik / Амир ИсаевГавҳар Шарофзода. Акс аз бойгонӣ
Гавҳар Шарофзода. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар асоси фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳо аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо намояндагӣ аз прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе ва мақомоти зирабт гурўҳи кории муштарак таъсис дода шуд.

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Дар соли сипаришуда 78 номгузорӣ, эълону рекламаи ташкилоту муассисаҳо, нуқтаҳои савдо ва марказҳои хизматрасонӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе дар иртибот ба риояи муқаррароти моддаҳои 13, 18 ва 20-и қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди санҷиш қарор гирифт, иброз дошт раиси Кумитаи забон ва истилоҳот Гавҳар Шарофзода.

Логотип на одежде магазина iamdifferent - Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи забон: мағозаи “I am different” ислоҳи ном кунад

"Барои риоя нагардидани муқаррароти қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни санҷишҳо нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ 2 санад, 5 огоҳӣ ва 4 протокол, дар ноҳияи Шоҳмансур 41 санад, 5 огоҳӣ, дар ноҳияи Фирдавсӣ 5 огоҳӣ тартиб дода шуд",- илова кард бону Шарофзода.

Ба қавли ӯ, санҷиш ва омўзиши вазъи иҷрои қонун «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Низомнома аз самтҳои асосии фаъолияти Кумитаи забон ва истилоҳоти Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Зимнан, дар асоси фармоиши Кумитаи забон ва истилоҳот аз ҷониби гурӯҳи корӣ бо намояндагӣ аз прокуратураи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, мақомоти давлатӣ, идораи реклом, Кумитаи телевизион ва радиои кишвар гурўҳи кории муштарак таъсис дода шудааст.

Лентаи хабарҳо
0