01:02 21 сентябри 2017
Пахши мустақим
Намоиши расмҳои рассом Каримҷон Наҷмиддинов дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Тамошои ройгони осорхонаи миллӣ

© Sputnik Амир Исаев
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Рӯзи якшанбе, 3 апрел тамошои осорхонаи миллӣ ройгон мешавад. Ба қавли масъулини ҳукумати ҶТ, рӯзи дарҳои кушод бо мақсади ҷалби бештари сайёҳон сурат мепазирад.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Рӯзи дарҳои кушод бо ибтикори Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ, кумитаи телевизион ва радио, инчунин вазорати фарҳангу Осорхонаи миллӣ баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки 18 майи соли 2016 рӯзи умумиҷаҳонии осорхона эълон шудааст. Дар ин рӯз осорхонаҳои тамоми ҷаҳон дарҳои худро бе музд ба рӯи тамошобинон боз менамоянд.

Дар соли 2015 беш аз 460 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар карда, 413 ҳазор нафари онҳо ба сифати сайёҳ аз кишвар дидан кардаанд.

Боздиди сайёҳон дар давоми соли 2015 ба буҷаи давлат 207 миллион доллар даромад ворид кардааст.

Осорхонаҳои машҳуртарини ҷумҳурӣ- Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод, Осорхонаи миллии таърихӣ-кишваршиносии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии асбобҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков мебошанд.

Мавзуъ

Иқдоми “Шаб дар Осорхона": намоиш, мастер-класс ва мӯди нав
Барчаспҳо:
бе пул, осорхона, тамошо, ройгон, Осорхонаи миллии асбобҳои мусиқии Гурминҷ Завқибеков, Осорхонаи миллии таърихӣ-кишваршиносии Тоҷикистон, Осорхонаи миллии ба номи Камолиддини Беҳзод, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ