“Гран-при”-и филми афғонӣ дар Чин

Обуна шудан
Филми кӯтоҳмуддати “Ман асп мехоҳам? на зан” ба мавзӯъи хонадоршавии бармаҳал дар Афғонистон бахшида шудааст.

ДУШАНБЕ, 8 апр — Sputnik. Филми афғонӣ дар ҷашнвораи филмҳои кӯтоҳмуддат дар Чин сазовори ҷои аввал гардид, менависад хабаргузории "АфТАГ".

Дар фестивал 100 филм аз кишварҳои Осиё намоиш дода шуданд. Филми коргардони афғонӣ Ҳумоюн Поиз таҳти унвони "Ман асп мехоҳам, на зан", соҳиби Гран-при ва мукофоти молӣ ба маблағи 1200 доллар гардид.

Филми қирғизӣ беҳтарин филм дар Осиё эълом шуд

Коргардони ин филм мегӯяд, ин асараш қаблан се ҷоизаи дигари байналмиллалиро ба худ ихтисос дода буд ва акнун мукофоти чаҳорум насибаш гашт.

Филм дар бораи писаре бо номи Зол, ки падараш ба ӯ духтар тӯҳфа карда буд, нақл мекунад. Дар баробари ин, бародари калонии писарбача соҳиби ҷоиза- асп мешавад. Зол аз падараш хоҳиш мекунад, ки ба ӯ асп бидиҳад, на зан.

Мунақидони синамом мегӯянд, филмсозон тавонистанд, расму русуми издивоҷи барвақтиро дар Афғонистон моҳирона ба намоиш гузоранд.

Буҷаи филм ҳамагӣ 10 ҳазор долларро ташкил дода, он тайи як моҳ ба навор гирифта шудааст.

Лентаи хабарҳо
0