ВМКБ ба таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ тайёрӣ мебинад

© WikimediaШаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Хоруғ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2010 барои аввалин бор 13-солагии Ваҳдати миллӣ бо шукуҳ ва шаҳомати хоса таҷлил гардида буд.

ДУШАНБЕ, 15 апр — Sputnik. Имсол 19-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил гардида, дар ин робита дар шаҳри Хоруғ ва навоҳии вилоят гузаронидани чорабиниҳои мухталифи сиёсӣ, фарҳангию варзишӣ ва илмӣ дар назар дошта шудааст.

Гуфта мешавад, ин чорабиниҳо ба боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ, дар рӯҳияи ватандорию ватанпарастӣ ва илмомӯзӣ тарбия намудани ҷавонон мусоидат менамоянд.

Рамзи Ваҳдати миллӣ бар асоси тарҳи Муъмин Қаноат сохта мешавад

"Баргузории ҷашнвораи байналмилалии фарҳангӣ-сайёҳии "Боми Ҷаҳон", мизи мудаввар дар мавзӯи "Нақши ВАО дар таҳкими Ваҳдати миллӣ", конфронси ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи "Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими Ваҳдати миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ", маҳфили адабии "Диёри ваҳдатофаринам-Тоҷикистон", Рӯзҳои фарҳанги вилояти Суғд дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шудаанд", — омадааст дар хабари оҷонсии давлатии Ховар.

Дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ бо иштироки роҳбарони вазороту идораҳои кишвар ва меҳмонон аз хориҷи кишвар намоиши театрикунонидашуда ва барномаи калони консертӣ баргузор мегардад.

Ёдрас менамоем, маротибаи дуюм аст, ки ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҷлил мегардад. Бори аввал 13-солагии Ваҳдати миллӣ соли 2010 дар вилоят дар сатҳи олӣ ҷашн гирифта шуд.

 

Лентаи хабарҳо
0