09:46 25 апрели 2017
Пахши мустақим
Аҳолии Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Дар Тоҷикистон номгузорӣ ба таври “советӣ” манъ карда шуд

© Sputnik / Владимир Вяткин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
52 0 0

Волидони кӯдакони навзод аз ин ва баъд бояд аз истифодаи номгузории “советӣ” даст кашанд.

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар Тоҷикистон қонун дар бораи манъи истифодаи пасвандҳои номгузории ба таври маъмул барои навзодон қабул гардид.

Дар ҳуҷҷатҳои шаҳрвандони навзоди Тоҷикистон акнун танҳо номгузории тоҷикона сабт мегардад, иттилоъ дод  муовини роҳбари Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи ҶТ, Ҷалолиддин Раҳимов.

Сухан дар бораи пасвандҳои "Ов", "Ова", "Вич", "Овна", "Евна", рафта, онҳоро ба пасвадҳои анъанавии "Зод", "Зода", "Пур", "Иён", "Фар" иваз хоҳанд кард.

Ба гуфти Раҳимов бо шаҳрвандоне, ки мехоҳанд насабҳои "ов", "ова", "ович", "овна"-ро барои фарзандонашон нигоҳ доранд, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад.

"Мо ба аҳолии Тоҷикистон мефаҳмонем, ки ҳадафи асосӣ ин баланд бардоштани ҳуввияти миллӣ ва тоза нигоҳ доштани забон мебошад. Дар баробари ин мо мехоҳем, ки насабҳои тоҷикон аз ҳамдигар фарқ накунад",-гуфт ӯ.

Тағйирот танҳо ба тоҷикон дахл дошта ба аққалиятҳои миллӣ рабт надорад.

Насаби тоҷикӣ танҳо ба кӯдакони навзод монда мешавад, калонсолон бошанд метавонанд ному насабашонро ба таври маъмул нигоҳ доранд ё бо хоҳиши шахсӣ иваз намоянд.

Номҳо барои кӯдакони навзод бояд аз ҷониби волидон дар доираи фарҳанги миллӣ ва урфу одати тоҷикона гузошта шуда, аз "ном, носаб ва номи падар" иборат бошанд.

 

Мавзуъ

Маҳдудият дар номгузории фарзандони хонаводаҳои тоҷик
Барчаспҳо:
насаби тоҷикона, номгузорӣ, қонун, вазорати адлияи Тоҷикистон, Ҷалолиддин Раҳимов, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ