Душанбе Рӯзи Ваҳдатро бо рақсу суруд таҷлил мекунад

© Sputnik / Амир ИсаевГурӯҳҳои рақсӣ. Акс аз бойгонӣ
Гурӯҳҳои рақсӣ. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар се боғи фароғатию фарҳангии пойтахти кишвар барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегардад. Гурӯҳҳои ҳунармандон барои сокинони пойтахт барномаҳои ҷолиби диққат пешкаш мекунанд.

ДУШАНБЕ, 27 июн — Sputnik. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар пойтахти Тоҷикистон баргузории барномаҳои гуногуни фароғатию фарҳангӣ дар назар аст, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуотии вазорати фарҳанги кишвар.

"Тибқи нақша ҳунармандони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С Айнӣ, ва овозхонони ансамбли "Сомон" дар майдони 800-солагии Маскав баромад мекунанд",-омадааст дар иттилоия.

Дар баробари ин дар боғи Кули ҷавонон гурӯҳи эҷодии Филармонияи давлатӣ ба номи А.Ҷураев барномаи худро пешкаши тамошобинон хоҳанд кард. Дар боғи фароғатию фарҳангии "Дӯстии халқҳо" бошад, ҳунармандони Иттифоқи давлатии гурӯҳҳои эҷодӣ ва эстрадӣ мардумро бо Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик хоҳанд кард.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳар сол 27 июн ҷашн гирифта мешавад. Рӯзи ҷашнӣ баъди хотима ёфтани ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ ва ба имзо расидани созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ 27 июни соли 1997 муқаррар гардид.

Лентаи хабарҳо
0