Оркестри симфонии давлатии ҶТ бори аввал санаи 9 сентябр баромад мекунад

© Sputnik / Владимир Песня / Гузариш ба медиабонкМусиқинавози оркестр. Акс аз бойгонӣ
Мусиқинавози оркестр. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Чуноне ки дар вазорати фарҳанги ҶТ қайд мекунанд, оркестр дар бузург шудани фазои фарҳангӣ ва рушди санъати мусиқии симфоникӣ мусоидат мекунад.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Баромади аввалини Оркестри симфоникии давлатӣ санаи 9 сентябр ба муносибати ҷашни 25- солагии истиқлолияти миллии Тоҷикистон баргузор мегардад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ.

Қайд карда мешавад, ки ҳунарпешагони оркестри мазкур асосан аз ҷавонон иборат буда, аввалин намоиши худро дар консерти тантанавии идона бахшида ба таҷлили 25-солагии Истиқлолият манзури тамошобинон хоҳанд гардонид.

"Минбаъд Оркестри давлатии симфонӣ дар чорабиниҳои ҳукуматӣ ва қабули меҳмонони олирутба санъати тоҷикро муаррифӣ мекунанд"-, омадааст дар хабар.

Оркестри мазкур барои пур кардани фазои фарҳангӣ ва рушди санъати мусиқии симфонӣ мусоидат хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0