13:45 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Людмила Иванова, Акс аз бойгонӣ

Людмила Иванова аз олам даргузашт ёде аз ситораи “Служебний роман”

© Sputnik / Алексей Филиппов
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
7 0 0

Людмила Иванова, ки ҳама ӯро ҳамчун Шурочка аз филми “Служебний роман”(Ишқбозии хидматӣ) мешиносанд, рӯзи ҷумъа дар беморхонаи шаҳрии 13-ум вафот кард. Марҳум 83-сола буд

ДУШАНБЕ, 9 окт — Sputnik. Аз муассисаи тиббӣ хабари марги ҳунармандро ба РИА Новости тасдиқ намуданд.

"Иванова Людмила Ивановна, соли таваллудаш- 1933, санаи 29-уми сентябр ба шӯъбаи эҳё бистарӣ гашт ва мутаассифона имрӯз дар шӯъбаи шашуми эҳё аз олам даргузашт",- хабар доданд аз бемористон.

Кадр из фильма Служебный роман: общественница Шурочка - Людмила Иванова (слева), Анатолий Новосельцев - Андрей Мягков, Ольга Рыжова - Светлана Немоляева
© Sputnik / Галина Кмит
Навор аз филми "Служебный роман"

Дар саҳнаи ҳунар Людмила Ивановна зиёда аз 80 нақш офаридааст.  Ба монанди  "Полеты во сне и наяву"(Парвозҳо дапр хоб), "Приключения Петрова и Васечкина"(Саргузашти Петров ва Васечкин), "Самая обаятельная и привлекательная"(Аз ҳама зебо ва назаррабо), "Небеса обетованные"(Осмони орзуҳо), "Зависть богов"(Хасрати худоён) ва гуфтугӯи машҳури Шурочка ва Новоселтсев аз филми "Служебного романа"(Ишқбозии хидматӣ) мебошанд:

Шурочка: Биёед 50 копейкӣ ҷамъ кунем. Маша фарзанддор шудааст!

Новоселтсев: Ман дар ин ҷо дахл надорам!

Барчаспҳо:
вафот, Людмила Ивановна, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ