13:47 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав. Акс аз бойгонӣ

Дар Маскав консерти барди тоҷик-Саши Заифӣ баргузор шуд

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
669120

Санаи 8 ва 9-уми октябр дар толори консертии “МИСИС” консерти барди Тоҷикистон Саши Заифӣ баргузор гардид. Бештари мухлисон бо аҳли хонавода ва куллияи дӯстонашон ба тамошои ҳунари сарояндаи тоҷик омада буданд.

ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Дар Маскав консерти овозхони машҳури Тоҷикистон Саши Заифӣ баргузор гардид. Ҳунарнамоии барди тоҷик рӯзҳои истироҳат дар толори консертии "МИСИС" дӯстдорони санъатро бо ҳам овард.

"Имрӯз (манзур 8-уми октябр-шарҳ аз идора) рӯзи зодрӯзи шодравон Наргис Бандишоева мебошад ва ман беҳад шодам, ки рӯзи консерти ман низ ба ин рӯз рост омад, зеро ӯ дурахшонтарин сарояндаи эстрадаи тоҷик буд",-гуфт Саши Заифӣ дар консерт.

Ба гуфти Саши Заифӣ аснои омодагӣ ба консерт чанд мушкилоти фаннӣ пеш омад, вале бо дастгирии ҳамватанон ва ёру дӯстон ҳамаи онҳо бартараф карда шуданд.

"Мо панҷ нафарӣ аз ҳар як қишлоқ ҷамъ омадем, то барои баргузории консерти Саши Заифӣ саҳми худро гузорем",-гуфт яке аз ризокорони деҳаи Барушони ВМКБ.

Дар баробари садо додани мусиқӣ ва сурудҳои дилнавоз тамошобинон аз ҷойҳои худ бархоста, сарояндаи дӯстдоштаи худро дастгирӣ мекарданд. Махсусан ҳангоми садо додани суруди "Узум живҷ то эй Ватан" (Ман туро дӯст медорам,эй Ватан) ҳамаи тамошобинон аз ҷой бархоста бо Саши Заифӣ ҳамовоз шуданд ва то ба итмом расидани суруд овозхонӣ карданд Чунин менамуд, ки ин на танҳо як консерти оддӣ, балки ҷашни бузурги дилҳост.

Выступление Саши Заифи в Москве
© Sputnik
Консерти барди тоҷик Саши Заифи дар Маскав

Дар назди саҳна мухлисони Саши Заифӣ ҷамъ омада, сарояндаи маҳбуби дилашонро наворбардорӣ мекарданд ва бо тақдим кардани дастаи гул изҳори муҳаббат менамуданд.

"Ман бисёр шодам,ки имрӯз дар консерти Саш ҳастам. Эҷодиёти Саши Заифӣ бароям бегона нест. Ман аз хурдӣ сурудҳои Саши Заифӣ ва Лидуш Ҳабибро гуш мекардам, аксари онҳоро азёд медонам. Хуб мешуд агар чунин консертҳо зиёдтар шаванд, зеро ба воситаи чунин сарояндаҳо мардуми тоҷики муқими Маскав ва умуман Русия боз бори дигар бо фарҳанги худ мепайванданд, сарояндагони дӯстдоштаи худро мебинанд",-изҳор дошт, Сабрина яке аз мухлисони Саши Заифӣ.

Ба қавли ӯ маҳз дар чунин чорабиниҳои фарҳангӣ пас аз муддатҳои тӯлонӣ имкон мешавад, ки кас боз ба дидори ёру дӯстон бирасад.

Бештари мухлисон бо аҳли хонавода ва куллияи дӯстонашон ба тамошои эҷодиёти Саши Заифӣ омада буданд. Сароянда чанд суруди навэҷоди худро пешкаши ҳаводоронаш гардонид, ки аз ҷониби тамошобинон хеле хуш пазируфта шуданд.

(1:10 / 7.38Mb / просмотров видео: 434)
© Sputnik
Консерти Саши Заифӣ дар Маскав

"Бардошти ман аз ин ҳунарнамоӣ бисёр мусбат аст, барои ин ки устод Заифӣ баъд аз шодравон Лидуш Ҳабиб дуввумин овозхоне аст, ки забони модарии моро аз сарзамини мо берун бурд ва ҳамин ки омада дар пеши муҳоҷирон ҳунарнамоӣ мекунад ва ба забони модариамон бо мо сӯҳбат мекунад, барои мо худ як олами хушбахтӣ дорад",-изҳор дошт Умед Ҷайҳонӣ.

Ба қавли ӯ ҳунарнамоии Саши Заифиро метавон аз ду ҷанба баррасӣ кард, яке аз ҷанбаи мардумӣ, яке аз ҷанбаи ҳунарӣ. Ҷанбаи ҳунарӣ ин, ки Заифӣ давомдиҳандаи кори бузургони гузашта, устод Нодир Шанбезода, ва пеш аз ҳама устод Лидуш Ҳабиб аст. Дигар ин ки поягузори худшиносии мо устод Лидуш Ҳабиб аст, вале устод Заифӣ худшиносии моро болотар бурд. Ин аз истиқболи мардум имрӯз рӯшан буд.

"Таҳти сурудҳои Саши Заифӣ мардум худро яктану якҷон ҳис мекарданд. Барои мо дар ғурбат ин беҳтарин дастовард аст ва ҳамин ки сурудҳояш бо забони шуғнонӣ ҳастанд, ӯ равиши шеъргӯии абадмардон, чун устод Рӯдакиро бо забони шуғнонӣ идома медиҳад ва баъди чандин солҳои ин шеърҳо мавриди омӯзиш ва таҳқиқи бузург қарор хоҳанд гирифт",-илова кард Умед Ҷайҳонӣ.

Консерт кайҳо ба охир расида бошад ҳам, мухлисон Саши Заифиро намегузоштанд аз саҳна дур шавад. Гуфтугӯи тамошобинон бо барди тоҷик то дили шаб идома ёфт, шабе, ки ҳеч кас поён шудани онро намехост.

  • Консерти Саши Заифи дар Маскав
    Консерти Саши Заифи дар Маскав
    © Sputnik
  • Консерти Саши Заифи дар Маскав
    Консерти Саши Заифи дар Маскав
    © Sputnik
  • Консерти Саши Заифи дар Маскав
    Консерти Саши Заифи дар Маскав
    © Sputnik
1 / 3
© Sputnik
Консерти Саши Заифи дар Маскав
Барчаспҳо:
барди тоҷик, консерт, Саши Заифӣ, Маскав

Мавзӯъҳои асосӣ