13:45 10 декабри 2016
Пахши мустақим
Намоиши рассомони тоҷик Рангҳои ҷаннат Акс аз бойгонӣ

Нигораҳои рассомони тоҷик дар ИМА намоиш дода мешаванд

© Sputnik Игорь Лекаркин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Асарҳои рассомони тоҷик дар қароргоҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба намоиш гузошта шудаанд. Намоиш то санаи 28 октябри дар толори Ҷэймс Волфенсони Бонки Ҷаҳонӣ идома хоҳад ёфт.

ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Чанде қабл дар қароргоҳи Бонки Ҷаҳонӣ бахшида ба 20-солагии ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, намоишномаи асарҳои рассомон ва экспонатҳои фарҳангӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти ВКХ-и ҶТ.

Бино ба иттилои манбаъ зимни чорабинӣ ноиби президенти Бонки ҷаҳонӣ Cирил Мюлер суханронӣ намуда, оид ба ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо кишварҳои минтақа дар ин давра маълумот дода, ҷиҳати мусоидат дар баргузории намоишгоҳ ба намояндагиҳои дипломатии  минтақа изҳорӣ миннатдорӣ баён намуд.

"Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ИМА барои барпо намудани гӯшаҳои фарҳангии кишвар дар чорабинӣ ва барпо намудани намоишномаи нигораҳои рассомони тоҷик Комил Ёдгоров, Акмал Миршакар, Аъзам Отахонов ва Фаррух Неъматзода ба Бонки Ҷаҳонӣ мусоидат намуд",-омадааст дар хабарнома.

Намоиш ба 20-солагии ҳамкориҳои Бонки Ҷаҳонӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва 25-умин солгарди истиқлолияти кишварҳои минтақа бахшида шудааст.

Ёдовар мешавем, ки намоиши мазкур то санаи 28 октябри дар толори Ҷэймс Волфенсони Бонки Ҷаҳонӣ идома хоҳад ёфт.

Мавзуъ

Ҷилои рангҳо ва сабк: рӯзи дарҳои бози Бунёди рассомони Тоҷикистон
Барчаспҳо:
Комил Ёдгоров, Акмал Миршакар, ИМА

Мавзӯъҳои асосӣ