“Суди девонагон”-и Конибодом аз Лондон ҷоиза меорад

Обуна шудан
Санаи 16-уми октябр Театри мисуқӣ ва драмавии ба номи Тӯҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом бори аввал озими Британяи Кабир- шаҳри Лондон гардид.

ДУШАНБЕ, 21 окт — Sputnik. Театр бо намоишномаи "Суди  девонагон" сокинони шаҳр ва ҳамватанонашро дар ватани Шекспир шод намуд. Намоиш як қисиме аз саҳнаҳои Фестивали кушоди Осиёи Миёна — OKAIF-2016 мебошад, хабар медиҳад Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар сомонаи Facebook

""Суди девонагон" тибқи асари Виллиам Шекспир буда, коргардон ва таҳягари филм Авлиёқули Хоҷақулӣ мебошад. Мӯҳтавои он вохӯрии Шоҳ Лир ва Шоҳзода Ҳамлет аст, ки  дар  он Шоҳ Лир аз тарафи духтари худ аз қаср ронда мешавад", —менависад манбаъ.

 Ҳунармандони намоишнома Ғайрат Қодиров, Фарҳод Тухташев ва Муҳиддини Музаффар намоишномаро ба тамошобинони шаҳри Лондон ба таври олӣ пешкаш намуданд.

Муҳиддин Музаффар. акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коргардон Муҳиддини Музаффар: ширкат дар фестивал бароям ғолибият аст

Бояд хотиррсаон намуд, ки саҳна ба забони тоҷикӣ намоиш дода шуда, тарҷумаи он ба забони англисӣ пешниҳод мегашт.

Намоишнома бо дастгирии сафорати Тоҷикистон дар Британяи Кабир баргузор шуд. Чорабинӣ соати 5:00 ба вақти маҳаллӣ оғоз ёфта, 1 соату 20 дақиқа давом ёфт ва даромад ба он  озод буд.

 Мувофиқи натиҷаҳои фестивал Муҳиддини Музаффар барои офаридани нақши беҳтарини мардона- Шоҳ Лир ҷоиза ба даст овард.

Лентаи хабарҳо
0