10:09 28 июни 2017
Пахши мустақим
Муҳиддин Маҳмудов, акс аз бойгонӣ

Маҳмудов: Бақо Содиқ пантуркист набуд, аммо дар Тоҷикистон ӯро ба гӯшаи фаромушӣ бурданд

© Фото: из личного архива Мухиддина Махмудова
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
35720

Ба наздикӣ рӯнамоии китоби “Филми Бақо Содиқ” дар шаҳри Санк- Петербурги Русия баргузор шуд, ки дар ҳамин шаҳр аз нашр баромадааст. Sputnik Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коргардони машҳури тоҷик Бақо Содиқ бо муаллифи китоб дар атрофи мӯҳтавои китоби тозанашр сӯҳбат орост

Муҳиддин Маҳмудов, муаллифи китоб ва дӯсти наздики коргардон мегӯяд, ки вай ин китобро дар тайи ду сол навишта, ба зодрӯзи Бақо Содиқов ҳадя намудааст.

Барои чӣ дар муаррифии китоб маҳз филми "Смерч"(Гирдбод)- ро ба намоиш гузоштед?

Ин интихоби созмондиҳандагони рӯнамоии китоб буд. Шояд барои он, ки «Гирдбод» аввалин филми таҳиягари осиёимиёнагии замони шӯравӣ аст, ки дар ҷашнвораи байналмилалии бонуфузи Канн дар Фаронса намоиш дода шудааст. Баробари Бақо Содиқов нависандаи машҳури шуравӣ Чингиз Айтматов ҳаммуаллифи филмнома аст. Ҷолиб аст, ки бастакор Софя Губайдулина дар ин филм ҳамкорӣ кардааст.

Гап дар он аст, ки дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ агар филми сабтгардида ба идеологияи ҳамонвақта рост намеомад, онро ҳадди имкон аз мадди назари бинандагон дуртар ҷой медоданд. Тақдири се филми Бақо Содиқов низ ҳамин гуна аст, ки яке аз онҳо "Гирдбод" мебошад. Ин филм аз ҳама камтар дар замони шуравӣ дар кишвар намоиш дода шуда буд ва онро дастрас кардан мушкил аст. Аз ҳамин сабаб бори аввал 16 марти соли 1989 гурӯҳи шоиру нависандагони тоҷик ба Маскав номаи эътирозӣ фиристоданд. Он номаро низ пайдо карда дар ин китоб ҷой додам.

Ба фикри Шумо то кадом дараҷа хонандагон ин китобро қабул хоҳанд кард?

Қаҳрамони китоб коргардони машҳури тоҷик ва ӯзбек Бақо Содиқов аст. Хизматҳои устоди кино дар пешбурди режессураи Тоҷикистон кам нестанд. Аммо бо сабабҳои барои ман номаълум, ба назари ман устодро ҳоло дар Тоҷикисон қадр намекунанд. Масалан Бақо Содиқ ба наздикӣ зодрӯз доштанд. Мутаассифона Бақо Содиқро расман дар Тоҷикистон касе ба ёд ҳам наовард ва бо ҷашни мавлуд табрик ҳам накард.

Ман дар китоб диққати хонандаро ба далелу асноде равон кардаам, ки шояд хонанда аз ин пештар аз ин ҳақиқатҳо бехабар буд. Масъалаи аз ҷониби гурӯҳе айбдор намудани устод Бақо Содиқов ба ҷараёни пантуркистӣ маро водор намуд, ки дар бораи Форуми "Туркистан — наш общий дом" ва сабабҳои иштироки Бақо Содиқовро дар ин ҷашнвора нақл кунам.Бақо Содиқ пантуркист набуд, аммо дар Тоҷикистон ӯро ба гӯшаи фаромушӣ супоридаанд.

Обложка книги Мухиддина Махмудова «Кино Бако Садыкова»
© Фото: предоставлено Мухиддином Махмудовым
Муқоваи китоби Муҳиддин Маҳмудов "Филми Бақо Содиқ"

Мақсад аз таҳияи китоб дар чӣ буд?

Қиссаи ба таҳияи китобе дар бораи Бақо Содиқов ва эҷодиёти ӯ камар бастанамро ман дар китоб нақл кардаам. Кутоҳ карда гӯям, ин китоб камтарин чизест, ки филмсози барҷастаи мо ба он меарзад. Дар «бойгонии таърихи синамо» нигаҳ доштани филмҳои Бақо Содиқов барвақт аст. Имсол Бақо Содиқов ба умри бобаракати 75 солаи худ расид ва ин китоб ҳадяе ба ӯ аст.

Вазъияти имрӯзаи режессураи тоҷик(шояд ӯзбек ва ё умуман Осиёи Миёна)- ро чӣ гуна баҳодиҳӣ мекунед?

Дар ин бора мутахассиони ин соҳа бояд назарашонро баён кунанд. Дар китоб ҳам ман филмҳои Бақо Содиқовро баҳо надодаам, балки навиштаҳои мутахассисони барҷаста Виктор Демин, Сергей Соловев, Лутфия Айнӣ, Ато Аҳроров ва дигаронро овардаам. Назари худро дар бораи филмҳои Бақо Содиқов шодравон Марсел Мартин (Фаронса) — яке аз бузургтарин синамошиносони ҷаҳон, раиси ифтихории ФИПРЕССИ дар китобаш «Кинои шӯравӣ аз Хрушев то Горбачев (1955-1992)» баён кардааст ва ман онро дар ин китоб иқтибос овардаам. Фақат ҳаминро метавонам илова намоям, ки театрҳои Тошканд ҳамеша пури тамошобинанд ва ҳар сол премераҳои нав ба навро дидан мумкин аст.

Фаъолияти Бақо Содиқ аз кадом ҷиҳат Шуморо водор намуд, ки дар бораи он китоб таҳия кунед?

Акои Бақо — ман ҳамеша ба ӯ чунин хитоб мекунам, дӯсти деринаи ман аст.

Боре як режиссери машҳури ӯзбек дар суҳбат ба ман гуфт, ки «дӯстони тоҷики ман баъзан бузургонашонро қадр намекунанд». Ҳамоно пеши назарам акои Бақо омад, ки замоне ҳамаамон Тарковскийи тоҷик мегуфтему ҳоло дар гӯшаи хотири бисёриҳо нест. Бахусус масъулони соҳаи синамо ва фарҳанги Тоҷикистон беэътиноӣ мекунанд.

Агар дар ёд дошта бошед, соли бузургдошти имом Ал-Бухорӣ дар барномаҳои телевизион фаровон сахнаҳоеро аз филми Бақо Содиқов дар бораи имом истифода мекарданду боре ҳам номи муаллифро намегирифтанд. Ман пеши худ мақсад гузоштам, ки то тавонам ин нохаққиро ислоҳ намоям ва ин китоб натиҷаи заҳмати дусолаи ман дар роҳи ҷамъ намудани маводи зарурӣ дар бораи эҷодиёти Бақо Садиқов, таърихчаи зиндагии ӯ ва аҷдодони ӯст.

Дар ин китоб чизҳое ҳаст, ки ҳеч вақт, ҳеч кас дар вобастагӣ ба нақши Бақо Содиқов дар он, эълом накардааст. Ман онро дар порчаҳо аз навиштаҳоям таҳти унвони «БАҚОИ БАҚО» дар ин китоб ҷой додаам.

Таълифоти Шумо асосан ба кадом мавзӯъҳо бахшида шудаанд?

Ин китоб маҷмуае иборат аз мақолаҳои солҳои гуногун дар бораи Бақо Содиқов ва филмҳои ӯ, мусоҳибахо, мукотибаи ӯ буда, ҳамчунон дар он либретто балети «Шафтолуи заррини Самарқанд», филмномаи «Қайс» ва қиссаи синамоии «Камоли Хуҷандӣ» ҷой дода шудаанд. Аз ин ҷихат ин китоб нафақат ба мутахассисони соҳаи синамо ва таърихи он, балки ба таҳиягарони ҳам синамо, ҳам театр мароқовар хоҳад буд.

Оё ба фикри Шумо имрӯзҳо ҳам "Бақо Содиқ"-ҳо ҳастанд, ки режессураи тоҷику ӯзбекро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунанд?

Ба фикри ман Бако Содиков хамчун Тарковский, Абуладзе, Брессон нотакрор аст ва маҳсули ҳунари ӯ на ба ягон миллат, балки ба тамоми ҷаҳон мутааллиқ аст.

"Филми Бақо Содиқ"-ро боз дар кадом шаҳр(кишвар) муаррифӣ хоҳед кард?

Пеш аз чопи китоб ва рӯнамоии он дар Санкт Петербург дар ватани Бақо Содиқов — Бухоро мо онро ба олимон, рузноманигорон, аҳли фарҳанги шаҳри бостони пешкаш намуда будем. Ҳоло ки китоб нав аз чоп баромад мушаххас барномаи рӯнамоии онро дар дигар шаҳрҳо надорем. Аммо касоне, ки ба он мароқ доранд, метавонанд китобро аз тариқи интернет — фурушгоҳҳо ба даст оранд. Китоб мувофиқи кавонини Русия ба китобхонахои бузурги ин кишвар ирсол мегардад. Мояи ифтихорам мебуд агар он дар китобхонахои миллии Точикистону Узбекистон чой меёфт.

Барчаспҳо:
Бақо Сафар, Муҳиддин Маҳмудов, Ӯзбакистон, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ