01:03 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Ифтитоҳи рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон бо консерти бошкӯҳ оғоз шуд

© Фото: Официальный сайт Министерства культуры РТ
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
15 0 0

Мардуми ду кишварро таърихи ягона ва арзишҳои динию фарҳангӣ ба ҳам меорад, қайд кард вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Дар театри давлатии опера ва балети ба номи С. Айнӣ маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон шурӯъ шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ.

"Чандин сол аст, ки мардуми моро таърихи ягона бо ҳам мепайвандад. Зимни ёдовар шудани таърих бо қаноатмандӣ тавъам будани арзишҳои фарҳангӣ ва динии ду миллатро қайд мекунам. Хурсандиовар аст, ки ҳунармандони театри ҳар ду кишвар дар ҷашнвораҳои байналмилаллӣ ҳамасола ширкат мекунанд",-изҳор дошт вазири вазорати фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода.

Тамошобинони тоҷикро барномаи бошукӯҳи консертии устодони санъати Қирғизистон дар ҳайрат гузошт.

Дар баробари ин кушодашавии Рӯзҳои фарҳанги Қирғизистон дар Тоҷикистон дар бинои Иттифоқи синамогарони тоҷик  баргузор гардид.

"Мо медонем, ки дӯстони мо аз Қирғизистон дорои таърихи бойи синамо, ки онро имрӯзҳо бо мувафаққият синамогарони касбии муосир давом медиҳанд, мебошанд. Фикр мекунам ду филми беҳтарин, ки дорои ҷоизаҳои гуногуни байналмиаллалӣ мебошанд, барои тамошобинони тоҷик мукофоти ҳақиқӣ хоҳанд буд",-гуфт муовини вазири вазорати фарҳанги ҶТ Обид Назаров.

Дар назди меҳмонон ҳамчунин муовини вазири вазорати фарҳанги Қирғизистон Фарҳод Бекманбетов баромад кард.

Ба тамошобинон намоиши "Курманжан Датка", ки дар бораи далерӣ ва ватандӯстии Курманжан нақл мекунад пешкаш карда шуд.

Барчаспҳо:
филм, намоишнома, барномаи консертӣ, Рӯзҳои фарҳанг, Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, Шамсиддин Орумбекзода, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ