01:01 09 декабри 2016
Пахши мустақим
Ҳотам Ҳакимов. Акс аз бойгонӣ

Гӯрӯғлисарои 91-солаи тоҷик хориҷиёнро мафтуни санъати худ кард

© Фото: Министерство культуры Республики Таджикистан
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
125 0 0

Ҳотам Ҳакимов, гӯрӯғлихони шинохтаи тоҷик Тоҷикистонро дар ҷашнвораи байналмилалии гӯрӯғлисароӣ дар Русия ва Туркманистон муаррифӣ кард

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар Ҷашнвораи байналмилалии гӯрӯғлисароӣ дар Туркманистон намояндагони 13 давлат иштирок доштанд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Ҳотам Ҳакимов бо ҳунари гӯрӯғлисароии худ байни иштирокчиёни чорабинӣ беҳтарин дониста шуд. Устоди ҳунар барои иштирок дар чорабинии гӯрӯғлисароӣ ба Амрико ва Ҳиндустон даъват шудааст.

"Ҳотам Ҳакимов зодаи деҳаи Оби Ҳирфи ноҳияи Варзоб буда, 91 сол дорад. Тӯли шаст сол ӯ ба санъати гӯрӯғлисароӣ машғул аст. Шаш банд достони машҳури Гӯрӯғлиро аз ёд медонад",-омадааст дар хабарнома.

Барои пурра сароидани бандҳои кӯтоҳи достон чор соат ва бандҳои дигар то ҳафт соат вақт лозим аст. Аз рӯи гуфти Ҳотам Ҳакимов баъзан дар чорабиниҳои мардумӣ  шаб ба гурӯғлихонӣ шурӯъ менамояду субҳ ба итмом мерасонад. Матни пурҳаводис ва шавқовари достон мисли синамо диққати шунавандаро ба худ ҷалб менамояд.

Ҳотам Ҳакимов гӯрӯғлихониро аз бобояшон Лойи Кучакшо омӯхтааст. Сипас, дар шогирдии гуруғлихони шинохтаи замони худ Бобои Ҳусейн тӯли даҳ сол ин санъатро аз худ кардааст. 

Алҳол Ҳотам Ҳакимов барои иштирок дар чорабинии гӯрӯғлисароӣ ба  Амрико ва Ҳиндустон даъват шудааст.

Мавзуъ

Пер Карден зебосанами тоҷикро ба Париж даъват кард
Дар Маскав консерти барди тоҷик-Саши Заифӣ баргузор шуд
Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам
Барчаспҳо:
муаррифгари санъати тоҷик, санъати бойи тоҷик, фестивали гулуғрисароӣ, Ҳотам Ҳакимов, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ