19:08 06 декабри 2016
Пахши мустақим
Чингиз Айтматов. Акс аз бойгонӣ

Асари чопнашудаи Чингиз Айтматов бо забони қирғизӣ ёфт шуд

© Sputnik / Э. Коган
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
19 0 0

Як асари нашрнашудаи Чингиз Айтматов бо забони ғирғизӣ ёфт шуд. Ин асар аз забони русӣ ба забони булғорӣ тарҷума карда шудааст. Айтматов дар бораи ин маҷмӯа боре ҳам нагуфтааст

ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар Қирғизистон асари нашрнашудаи нависандаи халқии Ҷумҳурии Қирғизистон Чингиз Айтматов "Най ва замин" (Флейта и земля) ёфт шуд, хабар медиҳад  Sputnik Қирғизистон бо такя ба хадамоти матбуоти Академияи илмҳои ҷумҳурӣ.

Аввалин шуда, академик Абдилдажан Акматалиев, бо асар шинос шуда, арзиши бузурги онро қайд кард. Ба гуфти Акматалиев ҳикояҳои маҷмӯаи "Най ва замин" дар маҷаллаҳои булғорӣ-"Пламк" (соли 1973) ва "Литературный фронт" (соли 1974) нашр гардидааст. Солҳои 1974-1976 онҳо ҳамчунин ба маҷмӯаи асарҳои Айтматов бо забони булғорӣ дохил шудаанд.

"Нависанда дар мусоҳибаҳо ва сӯҳбатҳои худ боре ҳам дар бораи ин маҷмӯа нагуфтааст. Ин асар аз забони русӣ ба забони булғорӣ тарҷума карда шудааст",-гуфт академик.

Акматалиев қайд кард, ки хонандагони Булғористон ҳанӯз 40 сол қабл бо ин асари Айтматов шинос шудаанд, қирғизҳо бошад то ҳол не. Вале далели мавҷуд будани асар ба забони қирғизӣ даъвои баъзеҳоро оиди маҳсули Айтматов набудани маҷмӯаи "Най ва замин" беасос хонд.

"Маҷмӯа ҳикояҳо дар бораи сохтмони канали Чуйскийро дар бар мегирад. Ман се сол ин асарро бо забони булғорӣ  мутолиа ва таҳлил кардам",-гуфт Акматалиев.

Намояндаи академияи илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон илова кард, ки прототипи қаҳрамони "Най ва замин" дар Сталинград дар солҳои  Ҷанги бузурги ватанӣ  қаҳрамонона вафот кард.

Чингиз Айтматов соли 1928 дар Қирғизистон ба дунё омада, соли 2008-ум аз олам чашм пӯшид. Асарҳои ӯ чун ("Плаха", "Буранный полустанок", "Пегий пес, бегущий краем моря") ба зиёда аз 176 забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шуда, дар 128 кишвари дунё бо100 миллион нусха чоп гардидаанд.

Мавзуъ

Маҳмудов: Бақо Содиқ пантуркист набуд, аммо дар Тоҷикистон ӯро ба гӯшаи фаромушӣ бурданд
Сафо Алиназар дар бораи “Нан зив” ва кушодани роҳ ба адабиёти ҷаҳон
Барчаспҳо:
асари "Най ва замин", нашриёти нав, Чингиз Айтматов, Қирғизистон

Мавзӯъҳои асосӣ