14:37 03 декабри 2016
Пахши мустақим
Нони гарм. Акс аз бойгонӣ

Нон ва Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд

© Sputnik / Алексей Куденко
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
3820

Нон ва ҷашни Наврӯз ба феҳристи мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил шуданд. Дархости Тоҷикистону Узбакистон оиди ба рӯйхати мероси фарҳангии ЮНЕСКО дохил гардидани "оши палав" баррасӣ мешавад

ДУШАНБЕ, 1 дек — Sputnik. Ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонии ЮНЕСКО якбора 11 номгӯи нав аз ҷумла тарзи омода намудани нонҳои гуногуни миллӣ ва ҷашни Наврӯз илова карда шуданд.

Ҳамин тавр дар ҷаласаи Кумитаи ЮНЕСКО оид ба ҳифзи фарҳанги ҷаҳонӣ, ки дар Эфиопия аз 30-юми ноябр то санаи 2-юми декабри соли равон баргузор мешавад, аризаи гурӯҳии кишварҳои манотиқи Шарқ ва Осиё оиди дохил намудани ҷашни Наврӯз ба мероси фарҳангии ҷаҳонӣ қабул карда шуд.

Дар баробари  нон ва иди Наврӯз ба рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ оби ҷави белгӣ, нони катирма, жупкаи қирғизӣ, юфкаи туркӣ низ дохил шудаанд, омадааст дар торномаи ташкилот.

Манбаъ меафзояд, ки  дар ҷаласаи Кумита дар Эфиопия ҳамчунин дархости Тоҷикистону Узбакистон ҷиҳати ба рӯйхати  мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО дохил гардидани "оши палав" низ баррасӣ мешавад.

Мавзуъ

Истиқболи Наврӯз бо рақсу тарона ва суманак
Наврӯз дар НКХХ-и Маскав: аз оши палави тоҷикӣ то сюрпризи "Авесто"
Барчаспҳо:
нон, Наврӯз, ЮНЕСКО, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ