Дар Душанбе 60-соли эҷодиёти Заур Дахте қайд мешавад

© Sputnik / Ратушенко / Гузариш ба медиабонкШаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ
Шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар кинотеатри “Зебуниссо” бахшида ба 60-соли эҷодиёти аккос ва наворбардори машҳур Заур Дахте маҳфили эҷодӣ баргузор мегардад

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik. Ходими хизматнишондодаи фарҳанг, Академики Академияи мусавирии Тоҷикистон Заур Дахте соли ҷорӣ ба синни мубораки 80 расид ва 60 сол инҷониб фаъолияти пурсамари эҷодӣ дорад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Заур Дахте дар рушди синамои тоҷик саҳми арзандае боқӣ гузоштааст ва намоиши аксҳояш дар кишвари гуногуни ҷаҳон баҳои баландро сазовор гардидаанд.

Коргардон Умедшо Мирзоширинов. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Коргардони “Мушкилкушо”: Маблағ не, набудани фикри тоза мушкили синамои мост

Имрӯз дар кинотеатри "Зебуниссо" бахшида ба 60-соли эҷодиёти аккос ва наворбардори машҳур Заур Дахте маҳфили эҷодӣ баргузор мегардад.

Заур Дахте соли 1936 дар Озарбойҷон ба дунё омадааст. Ӯ факултаи наворбардории ВГИК-и Маскавро хатм намудааст.

Заур Дахте чун наворбардори филмҳо аз қабили: Абдураҳмони Ҷомӣ (1964), "Намоиш" (1976), "Мирзхо Турсунзлода-70" (1981), "Маликаи мо" (1983), "Вохӯриҳои моҳи сентябр" (1987) ва ғайраҳо машҳур аст.

Бисёр асарҳои суратгири шинохта дар намоишгоҳҳои кишварҳои Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус намоиш дода шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0