08:06 24 январи 2017
Пахши мустақим
Арчаи солинавии шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ

Майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт барои таҷлили Соли нав омода аст

© Фото: официальный сайт Министерства культуры Таджикистана
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
18620

Базмгоҳи асосии таҷлили Соли нави мелодии 2017 дар шаҳри Душанбе майдони “Дӯстӣ” -и пойтахт мешавад. Ситораҳои эстрадаи тоҷик дар назди мухлисон шоми рӯзи 31-уми декабр ҳунарнамоӣ мекунанд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар майдони "Дӯстӣ"  аллакай  арчаи солинавӣ гузошта шуда, бо чароғакҳои гуногун оро дода шудааст, хабар медиҳад хадамоти матбуоти вазорати фарҳанги ҶТ.

Шоми 31 декабр аз соати 19:00 то 21:00 дар майдони "Дӯстӣ" барномаи идонаи солинавӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор гардида, бо мушакпарронӣ анҷом меёбад.

Манбаъ мегӯяд, ки ҳамчунин дар  толори Сирки давлатӣ санаи 29 декабр намоиши идонаи солинавӣ барои хонандагони  мактаб-интернатҳо ва толибилмони болаёқати шаҳри Душанбе ташкил мегардад.

Дар назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ, шаршараи Наврӯзгоҳ, боғ ва хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаҳои Теҳрону Шоҳтемур ва боғҳои "Дӯстии халқҳо", "Кӯли ҷавонон" ба номи С.Айнӣ ва майдони "800-солагии Москва" идона ороиш дода шудааст.

Ҳамчунни дар арафаи Соли нав дар бозорҳои шаҳр ярмарка фурӯши маҳсулоти ниёзи мардум дар назар аст.

Барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таъмини амнияти шаҳрвандон дар рӯзҳои ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангии солинавӣ ба раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар шаҳри Душанбе дастур дода шудааст, ки тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Мавзуъ

Путин Раҳмон ва тоҷикистониёнро бо Соли нав табрик гуфт
Нӯшокии асосии Соли нав
Дар арафаи Соли нав чӣ гуна бояд амал кард
Барчаспҳо:
таҷлил аз Соли нав, Соли нав-2017, арчаи солинавӣ, Душанбе

Мавзӯъҳои асосӣ