06:10 23 майи 2017
Пахши мустақим
Президенти Туркманистон дар нақши диҷей. Акс аз бойгонӣ

Президенти Туркманистон дар нақши диҷей баромад кард

© Youtube TurkmenDissidentTV
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
12411

Президенти Туркманистон ҳамроҳи набераҳояш суруди Ҷастин Тиберлейк Can't stop the feeling-ро сароид

ДУШАНБЕ, 29 дек — Sputnik. Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дар базми солинавии ҷумҳуриявӣ иштирок карда, ҳамроҳи набераҳояш суруд хонд, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон.

Замоне, ки набераҳояш суруд мехонданд президент дар нақши диҷей буд.

Набераҳои президент ҳамчунин дар озмуни солинавӣ иштирок карданд.

"Дар баробари ин онҳо бо забони англисӣ суруд хонданд. Роҳбари давлат ҳамроҳи набераҳо суруд хонда, рӯҳияи идонаи кӯдакон ва лаҳзаҳои эҷодии онҳоро бо хотири болида мушоҳида мекард",-омадааст дар хабарнома.

Бердимуҳаммадов ба кӯдакон Соли нави мелодиро табрик гуфта, барояшон истироҳати бофароғати зимистона, амалишавии орзуҳоро таманно кард ва изҳори боварӣ намуд, ки ҳамаи онҳо чун намояндагони беҳтарини фарҳанги миллии худ ба воя мерасанд.

Мавзуъ

Дар Соли нав тоҷикистониён се рӯз истироҳат мекунанд
Майдони “Дӯстӣ”-и пойтахт барои таҷлили Соли нав омода аст
Барчаспҳо:
диҷей, баромади президент, базми солинавӣ, Бердимуҳаммадов Гурбонгулӣ, Туркманистон

Мавзӯъҳои асосӣ