20:38 17 августи 2017
Пахши мустақим
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон. Акс аз бойгонӣ

Владимир Путин Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нав табрик кард

© Sputnik / Алексей Дружинин
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
84 0 0

Дар номаи шодбошии президенти Русия аз ҷумла омадааст, ки дар соли 2016 қавӣ будани муносибатҳои Тоҷикистону Русия бори дигар тасдиқ шуд

ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Президенти Руси Владимир Путин раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти президенти Русия.

Дар номаи шодбошии президенти Русия аз ҷумла омадааст, ки дар соли 2016 қавӣ будани муносибатҳои Тоҷикистону Русия бори дигар тасдиқ шуд.

Владимир Путин изҳори боварӣ кард, ки дар оянда ҳамкориҳои дӯстонаи байни Тоҷикистону Русия дар тамоми соҳаҳо ва  дар самти таҳкими амният дар Осиёи Марказӣ рушд хоҳанд кард.

Ҳамчунин президенти Руси дигар роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказиро бо Соли нави мелодӣ муборакбод гуфт.

Барчаспҳо:
табрикоти солинавӣ, номаи табрикотӣ, Эмомали Раҳмон, Владимир Путин, Тоҷикистон, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ