01:32 23 июни 2017
Пахши мустақим
Сабзалиева Оятбегим-ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оятбегим Сабзалиева-ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон имрӯз 75-сола шуд

© Публикация Майрам Муродовой в Facebook
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
21450

Оятбегим Сабзалиева-сарояндаи машҳури опера, ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон , профессори Консерваторияи миллии ба номи Талабхӯҷа Сатторов имрӯз 75 сола шуд

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Имрӯз, 1 январи соли 2017 ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Оятбегим Сабзалиева ба синни 75 расид. 

Оятбегим Сабзалиева 1 январи соли 1942 дар шаҳри Хоруғ дар оилаи маорифчиён ба дунё омадааст. Дар оила ӯ фарзанди бузургӣ аст. Консерватоияи шаҳри Маскавро хатм карда, аз соли 1969 солисткаи театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ мебошад.

Моҳпайкар Ёрова. Акс аз бойгонӣ
© Фото: Из личного архива Мохпайкар Еровой

Ӯ дар намоишҳои опера нақшҳои асосиро иҷро кардааст. Оятбегим бо нақшҳои  Татяна дар операи "Евгений Онегин"-и П. И. Чайковский, Леонор дар "Трубадур"-и Д. Верди, Микаэла дар "Кармен" —и Бизе, Тамара дар "Демон"-и Н. Рубинштейн, Селина дар "Дон Жуан"-и Д. Монтсарт, Земфира дар опереттаи "Алеко"-и С. Рахманинова, Сюзанна дар "Маликаи сирк"-и И. Калман машҳур аст.

Ҳамчунин Оятбегим Сабзалиева дар операҳои оҳангсозони тоҷик "Айнӣ" ва "Рудакӣ"-и Шарофиддин Сайфиддинов, "Дугонаҳо" ва "Қишлоқи тиллоӣ"-и Дамир Дустмуҳаммадов, "Комде ва Мадан"-и Зиёдулло Шаҳидӣ, "Амир Исмоил"-и Толиб Шаҳидӣ, "Рустам ва Суҳроб"-и Талабхӯҷа Сатторов нақшофарӣ кардааст.

Барои хизматҳои арзандааш дар назди халқу Ватан аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишони "Шараф" ва унвони Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шудааст. 

Айни ҳол Оятбегим Сабзалиева дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т.Сатторов ба донишҷӯён дарс гуфта барои тарбияи кадрҳои баландихтисоси санъати операи тоҷик ҳисса мегузорад.

Мавзуъ

Бозор Собир: миллати рус ба мо наздик аст – русҳо аз нажоди мо ва мо аз нажоди русҳо мебошем
Бозор Собир ба Амрико барои дидори фарзандонаш рафт
Барчаспҳо:
1 январ, 75-солагӣ, зодрӯз, Оятбегим Сабзалиева, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ