10:56 20 ноябри 2017
Пахши мустақим
Ҷоизаҳои фестивали байналмиллаӣ дар Даққа, Бангладеш

Коргардонҳои тоҷик дар фестивали байналмиллалӣ 4 филм ба намоиш мегузоранд

© Фото: Dhaka International Film Festival
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
23 0 0

Ба тамошобинон ва ҳакамон филми “Вазъият”-и Диловар Султонов, “Қатра”-и Мурод Туйчиев, “Ҳасти”-и ва “Баракат”-и Рустам Маилов намоиш дода мешавад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik.Коргардонҳои ҷавони тоҷик дар 15-умин Кинофестивали байналмиллаӣ иштирок мекунанд, ки дар пойтахти Бангладеш кушода шуд, хабар медиҳад сомонаи расмии чорабинӣ.

Кинофестивал аз санаи 12-ум то 20 дар шаҳри Даққа баргузор мешавад. Чорабинӣ таҳти шиори "Филми беҳтарин, саҳнаи беҳтарин ва беҳтарин ҷамъият" намоиш дода мешавад.

Афиша международного кинофестиваля в Дакке, Бангладеш
Фестивали байналмиллалии кино дар Бангладеш

Дар қатори 170 иштирокчӣ ба ҳакамон коргардонҳои тоҷик низ маҳсули меҳнати худро пешниҳод мекунанд. Ба тамошобинон ва ҳакамон филми "Вазъият"-и Диловар Султонов, "Қатра"-и Мурод Туйчиев,  "Ҳасти"-и  ва "Баракат"-и Рустам Маилов намоиш дода мешавад. Аз тамоми давлатҳои ҷаҳон ҳамагӣ 48 филми дигар ба намоиш гузошта мешавад.

Ғайр аз ин дар ҳайъати ҳакамон коргардони тоҷик, муаллиф ва таърихшинос Шарофат Арабова иштирок мекунад.

Дар фестивал метавонанд коргардонҳо аз Аврупо,  Осиё ва Австралия иштирок кунанд. Муддати филм бояд аз 70 дақиқа сар шавад. Ҷоизаҳо на танҳро барои ба филми беҳтарин, балки ба коргардон, актёр, актриса, муаллиф ва оператор супорида мешавад.

Барчаспҳо:
иштироки кинои тоҷик, фестивали байналмиллалӣ, коргардони тоҷик, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ