Эҷоди беҳамтои Шаҳзода: куртаи арусии вазнаш 24 кг

© Фото : instagramҲунарпеша ва тарроҳи узбек Шаҳзода Муҳаммадова
Ҳунарпеша ва тарроҳи узбек Шаҳзода Муҳаммадова - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазни умумии куртаи арусие, ки аз ҷониби Шаҳзода Муҳаммадова тарроҳӣ шудааст, 24 кило мебошад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Тарроҳ ва ҳунарпешаи узбек ба офаридани эҷодиёти беҳамто-куртаи арусӣ машғул аст. Вазни умумии куртаи арусӣ 24 кг мебошад, хабар медиҳад Sputnik Узбакистон бо такя ба саҳифаи Шаҳзода дар Instagram.

Дар сӯҳбат бо ВАО тарроҳ иброз дошт, ки чунин куртаи асрусӣ аз Русия фармоиш шудааст.

 

 

Наздики як моҳ мешавад, ки 15 нафар ба духтани ин куртаи арӯсӣ машғул ҳастанд. Мӯҳлати ба итмом расидани духти либоси арӯсӣ гуфта нашудааст.

 

 

Дар баробари ин қайд карда мешавад, ки куртаи арусӣ пурра бо даст оро дода мешавад. Вазни умумии он 24 килоро ташкил хоҳад дод.

Шахзода Муҳаммадова-ҳунарпеша, ровии барномаҳои телевизионӣ ва асосгузори студияи Shaxzoda мебошад.

Лентаи хабарҳо
0