06:23 24 сентябри 2017
Пахши мустақим
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ. Акс аз бойгонӣ

Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи таҷлили Наврӯз-2017

© Официальный сайт президента Таджикистана
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
163213

Рустами Эмомалӣ ба хотири таҷлили арзандаи иди Наврӯз дастур дод, то беҳтарин санъаткорон ба “Наврӯзгоҳи пойтахт” ҷалб карда шаванд

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар медиҳад, ки Обид Назаров роҳбари бадеии намоиши бахшида ба Иди байналмиллали Наврӯз-2017 таъин шудааст.

Раиси шаҳри Душанбе ҳамчунин дастур додааст, то тамоми биноҳои пойтахт ба хотири иди Наврӯз ба таври идона оро дода шуда, ба майдони асосии ҷашн-Наврӯзгоҳ бештарин санъаткорон ҷалб карда шаванд.

Нигина Амонқулова
© Фото: из личного архива Нигины Амонкуловой

Қаблан хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон дар арафаи ҷашни Наврӯз Кумитаи тадорукоти Фестивали бозиҳои миллӣ ташкил шуда, Рустами Эмомалӣ роҳбари он таъин гардид.

Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ дар се марҳила (маҳаллӣ, минтақавӣ ва миллӣ) дар остонаи таҷлили иди Наврӯзи ҷаҳонӣ (марҳилаи якум), Ваҳдати миллӣ (марҳилаи дуюм) ва ҷашни Истиқлолияти давлатӣ (марҳилаи сеюм) гузаронида мешаванд.

Соли 2016 ҷашни байналмиллалии Наврӯз ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО дохил кард ашуд.

Созмони Милали Муттаҳид дар моҳи феврали соли 2010 Наврӯзро иди ҷаҳонӣ эълон кард. Наврӯз, соли нави ақвоми эронинажод, ки дар аввали баҳор таҷлил мешавад, дар кишварҳои зиёде, ба монанди Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Эрон, Покистон, Ҳинд ва Туркия бо анъанаҳои маҳаллӣ, монанди рақсу тарона пайванд гирифтааст.

Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он
Наврӯз дар Тоҷикистон ва таҷлил аз он

Мавзуҳо:
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)

Мавзуъ

Президенти Тоҷикистон ангораи Наврӯз-2017-ро тасдиқ кард
Браво президент: ташаббуси Мирзиёев оиди Наврӯз дастгирӣ ёфт
Соли нав ё Наврӯз: Чаро Соли нав шукӯҳашро дар Тоҷикистон аз даст медиҳад
Барчаспҳо:
омодагӣ ба Наврӯз, шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ