04:46 17 августи 2017
Пахши мустақим
Наврӯз дар Душанбе

Тоҷикони Қазоқистон Наврӯзро ҷашн гирифтанд

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
4001

Бо ибтикори сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон 21-23 марти соли 2017 дар вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ барномаи муштарак ба муносибати ҷашни ҷаҳонии Наврӯз баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии вазорати умури хориҷаи ҶТ, сафорат ва сарконсулгарии Тоҷикистон дар Қазоқистон ҳамчунин дар назар доранд 30 март Наврӯзро дар шаҳри Олмотӣ ҷашн гиранд.

Гурӯҳе аз намояндагони ҳукумат, соҳибкорон ва аҳли фарҳангу ҳунари шаҳри Хуҷанд бо даъвати ҳукумати Чимканд 22 март ба ин шаҳр рафта ва дар барномаҳои наврӯзии он ширкат карданд. Ҳунармандони шаҳри Хуҷанд ҳамчунин 23 март дар ноҳияи Сариоғоч низ барномаи фарҳангӣ иҷро карданд.

Сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон Наврӯзро ба ҳамтаборони бурунмарзӣ табрик гуфт ва онро "таҷассумгари оғози ҳаёти нав, умеду орзӯҳои нав, ҳифзи сулҳу салоҳ дар зиндагии ҷомеаи муосири байналмилалӣ" хонд.

Чимканд маркази вилояти Қазоқистони Ҷанубӣ аст ки дар он беш аз 42 ҳазор тоҷик аз дер боз зиндагӣ ба сар мебаранд. Ҳамакнун дар ин вилоят 12 мактаби тоҷикӣ фаъол аст.

Ҳайъати хуҷандӣ аз мактаби тоҷикии ба номи Б. Ғафуров дар ноҳияи Сариоғоч, ки дар он 895 донишомӯз таҳсил мекунад, боздид кард ва китобҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ барояшон ҳадя дод.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)

Мавзуъ

Видео-мэппинг: таҷлили Наврӯзи "замонавӣ" дар Душанбе
Бурсоқ, ош ва рақсу бозӣ: ҷашни наврӯзӣ дар Калининград
Ҳунармандони Хуҷанд дар назди Эмомалӣ Раҳмон "бе фонограмма" суруд хонданд
Барчаспҳо:
Чимканд, Наврӯз-2017, Наврӯз, Сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон, Қазоқистон

Мавзӯъҳои асосӣ