19:52 17 октябри 2017
Пахши мустақим
Бозиҳои Наврӯзӣ дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Пирӯзии “Робенгуд” дар мусобиқаи аспдавонии вилояти Суғд

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
10921

Дар мусобиқаи аспдавонӣ, ки ба муносибати ҷашни Наврӯз дар аспрес ё майдони аспдавонии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор шуд, аспе "Робенгуд" ном пирӯз шуд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умуми ҳукумати вилояти Суғд, маросими оғози мусобиқаи аспдавонӣ бо ширкати раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ баргузор шуд. Муовини раиси вилоят Ориф Хоҷазода дар ин маросим Наврӯзро ба ширкаткунандагону тамошобинон табрик гуфт.

Вай ёдоварӣ кард, ки дар ин вилоят 19 сол боз ҳар сол ба муносибати фаро расидани ин ҷашни бостонӣ мусобиқаҳои аспдавонӣ ва бузкашӣ баргузор мешаванд.

Мусобиқаи вилоятии аспдавонӣ дар 9 давр сурат гирифта дар он беш аз 70 аспсавор ширкат карданд. Дар даври ниҳоӣ аспе "Робенгуд" ном масофаи муқарраршударо пештар аз дигарҳо тай кард.

1 / 4
Мусобиқаи аспдавонӣ дар вилояти Суғд

Барандагони ин мусобиқаи вилоятӣ ҳадяҳои ёдгорӣ ва барандаи ҷои аввал 3 ҳазор сомонӣ дарёфт карданд.

Дар ин рӯз ҳамчунин мусобиқоти чавгон ва бузкашӣ низ баргузор шуд.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)

Мавзуъ

Бузкашӣ: бозии миллӣ ва аспсаворӣ
Бузкашӣ - бозии суннатии сокинони минтақа аст
Бузкашӣ дар Хатлон бо "кордзанӣ" табдил ёфт
Барчаспҳо:
чавгонбозӣ, аспдавонӣ, бузкашӣ, вилояти Суғд

Мавзӯъҳои асосӣ