03:39 17 декабри 2017
Пахши мустақим
Таҳмина Ниёзова

Суманакпазии Таҳмина Ниёзова дар Маскав

© Фото: Аз саҳифаи фейсбукии Таҳмина
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
26951

Тахмина Ниёзова-сарояндаи номдори тоҷик дар Маскав ба пухтани суманак машғул аст

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Сарояндаи номдори тоҷик Таҳмина Ниёзова дар саҳифаи расмии фейсбуки худ видиоеро нашр намуд, ки дар он сароянда ба пухтани хӯроки асосии Наврӯзӣ-суманак машғул аст.

"Барои ҷашни Наврӯз суманак мепазам. Ҳангоми кофтани суманак кас бояд дар дил нияти нек кунад",-навиштааст сароянда дар саҳифаи худ.

Тахмина Ниёзова-ҳунарманди тоҷик, ки дар жанри поп суруд мехонад, 14-уми феврали соли 1989 дар шаҳри Душанбе дар оилаи мусиқачиён ба дунё омадааст.

Соҳиби ду маълумоти олӣ мебошад-рӯзноманигор ва иқтисодчӣ. Дар айни ҳол аспиранти донишгоҳи Волгогради Русия мебошад. Таҳмина баъди пирӯзӣ  дар озмуни байнулмилалии "Панҷ ситора. Интервидение" байни ҳаводорони созу суруд машҳур шуд.

Мавзуҳо:
Наврӯз-2017 дар Тоҷикистон (45)
Барчаспҳо:
суманак, Наврӯз, Таҳмина Ниёзова, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ