01:34 28 апрели 2017
Пахши мустақим
Баҳодур Миралибеков, Акс аз бойгонӣ

Баҳодур Миралибеков: ҳануз ҳам боварам намешавад...

© Фото: Кадр из фильма "Сон обезьяны"
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
11420

Ҳунарманди номдори тоҷик Баҳодур Миралибеков дар ҷашнвораи синамоии "Оқ Илбирс" дар Қирғизистон "беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ" шинохта шуд

Чанде пеш дар Бишкек ҷашнвораи синамоии "Оқ Илбирс" баргузор шуд. Доварони ин ҷашнвора ҳунарпешаи тоҷик Баҳодур Миралибековро барои иҷрои нақш дар филми Румӣ Шоазимов "Хоби маймун" сазовори ҷоизаи "Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ" донистанд.

Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ин пирӯзиро ба Баҳодур Миралибеков табрик гуфт ва аз эҳсосоташ пурсид.

Ҳунарманд гуфт, ки интизор надошт дар ин ҷашнвора баранда шавад.

"Нахуст ин ки ман аслан чунин интизоре надоштам. Дигар ин ки дар маросими тақдими ҷоизаҳо низ ширкат надоштам. Он замон ман дар шаҳри Санкт-Петербург будам ва намоишномаи Театри драматики русиро, ки саркоргардонаш ҳастам, намоиш медодам. Ҷоизаро ба ҷои ман Румӣ Шоазимов (коргардони филм — Sputnik) гирифт", — мегӯяд вай.

Баҳодур Миралибеков гуфт, ки ҳануз бовар надорад, ки барандаи ҷашнвора шудааст.

"Замоне, ки огоҳ шудам, воқеъан шод шудам. Ин эҳсос бисёр ҳаяҷоновар ва ногаҳонӣ буд. Ман нашқҳои бузургу хурде дар филмҳо доштаам, вале ин филм вижагиҳое дорад, нақш дар он ҳам ҷанбаи равонковона дошт. Ин нашқ бароям бисёр наздик буд. Ва дар воқеъ ман ба ин нақш ва шахсият дил бастам", — гуфт ҳунарпеша.

Ба гуфти вай, бархе аз ҳампешагонаш аз ин дастовардаш бисёр шод шудаву ӯро самимона табрик гуфтанд.

Беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт, ки то кунун пешниҳоде барои нақшофарӣ дар филме дарёфт накарда ва дар теотр машғул ба кор аст, аз онҷумла дар ҷашнвораи "Парасату" ширкат мекунад.

Баҳодур Миралибеков дар филмҳои бисёр нақш офаридааст, вале ба гуфти худаш, бештар аз ҳама нахустин нақши бузургаш дар филми "Государственная граница. Красный песок" (Марзи кишвар. Реги сурх) дар ёдаш мондааст. Ин филм соли 1984 сохта шуда буд ва Баҳодур Миралибеков дар он нақши Қурбон ном роҳзане наҷибу шарофатмандро офарида буд.

"Хоби маймун" нахустин филми комили Румӣ Шоазимов аст ва соли 2016 аз рӯи достони кӯтоҳи нависандаи инглис Уилям Ҷекобс "Панҷаи маймун" (The Monkey's Paw) сохта шудааст.

Мавзуъ

“Қиссаи ишқи пок”: намоиши “Мушкилкушо” тамошобинони Маскавро ба ваҷд овард
Коргардони “Мушкилкушо”: Маблағ не, набудани фикри тоза мушкили синамои мост
“Мушкилкушо”-и Умед Мирзоширинов дар Душанбе намоиш дода мешавад
Барчаспҳо:
Оқ Илбирс, беҳтарин бозигари нақши мард дар Осиёи Марказӣ, Баҳодур Миралибеков, Қирғизистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ