13:04 14 декабри 2017
Пахши мустақим
Зулайхо Маҳмадшо-овозхони попи тоҷик

“Ҷаҳони ишқ”: Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав ҳунарнамоӣ мекунад

© Sputnik
Фарҳанг
Гирифтани линки кӯтоҳ
18311

Зулайхо Маҳмадшоева сарояндаи шинохтаи попи тоҷик бо сафари ҳунарӣ ба Маскав меояд

ДУШАНБЕ, 20 апр — Sputnik. Дар Маскав консерти овозхони номдори Тоҷикистон Зулайхо Маҳмадшоева таҳти унвони "Ҷаҳони ишқ" (Мир любви) баргузор мешавад.

Дар ин бора мубтакири консерт Фарҳод Ҷонмаҳмадзода ба хабарнигори Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Ӯ афзуд, ки консерти Зулайхо танҳо дар пойтахти Русия баргузор шуда ба соли ҷавонон бахшида мешавад.

"Консерт санаи 29-уми апрели соли 2017, соати 16:00 дар толори консертии "Геолог" бо суроғаи истгоҳи метрои  Беляево, кӯчаи Миклух Маклай хонаи 23 баргузор мешавад".

Консерти Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав
© Фото: Аз бойгонии Фарҳод Ҷонмаҳмадзода
Консерти Зулайхо Маҳмадшоева дар Маскав

Дар назар аст, ки Зулайхо дар ин консерт сурудҳои тозаэҷоди худро пешкаши ҳаводоронаш гардонад.

Клипи охирини Зулайхо Маҳмадшоева моҳи январи соли равон таҳти унвони "Бай-бай" нашр шуд. Матни суруд ба қалами  Орзу Исоев тааллуқ дошта, оҳангаш моли Роберт Мирзоян мебошад,

Ин намоҳанг дар Дубай таҳия шудааст.

 

 

 

Мавзуъ

Шабнами Сурайё: мехоҳам бо Алла Пугачева суруд хонам
Шабнами Сурайё тамоми Русияро "ба по" хезонд
Шабнами Сурайё ба Русия меравад. Бо вижасафари ҳунарӣ
Барчаспҳо:
бахшида ба соли ҷавонон, консерти ҳунарӣ, Зулайхо Маҳмадшоева, Маскав, Русия

Мавзӯъҳои асосӣ